Додситони ноҳияи Сино нисбати як корманди маҷмааи варзишии “X-Fit”-и шаҳри Душанбе Сафармамад Сафармамадов, ки гуфта мешавад, бепарвогии ӯ сабаби марги Сергей Шнякини 17-сола шуд, бо моддаи 108 (аз беэҳтиётӣ ба марг расондан) парвандаи ҷиноятӣ боз намудааст.

Дар ин бора муовини додситони ноҳия Умед Фақерзода ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Муовини додситон гуфт, нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, Сафармамад Сафармамадов аз 11 -уми январи соли 2022 дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Номбурда гуфт, ки маҳз аз бепарвогии Сафармамадов ва ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои касбиаш Сергей Шнякин ҳангоми шино кардан дар  ҷуқурии 1,60 метр муддати 9 дақиқа дар зери об монда, дар натиҷаи басташавии роҳҳои нафас бо об ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ сабаби марги Сергей асфиксия (нафастангӣ)-и механикӣ мебошад

Фақирзода ҳамчунин, гуфт, дар мавриди ҳодисаи мазкур “бо ҷалби мутахассисони соҳаи тиб, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш экпертиза дар қисмати гунаҳгор будан ё набудани мурабиён ва мутахассисони дигари маҷмааи варзиши “X-Fit” ва кормандони ёрии таъҷилии беморхонаи “Истиқол” таъин карда шудааст”.

Номбурда мегӯяд, дар рафти тафтишоти пешакӣ сабти камераҳои назоратӣ пурра аз ҷойи ҳодиса гирифта шуда, ба модари Сергей ва намояндаи қонунии он нишон дода шуд.

Гуфта мешавад, ки айни ҳол тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноӣ идома орад. 

Хабари марги Сергейро модараш рӯзи 11 декабр бо навиштани мактуби кушод ба раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ расонаӣ кард. Ӯ дар мактуби худ, аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки писараш оббози моҳир буд ва чӣ гуна бо қади 1м 93см метр метавонист дар ҷуқурии 1м 60см метр ғарқ шавад?!

Ӯ ҳамчунин, аз он шикоят кард, ки ҳангоми ғарқ шудани писараш муррабӣ ва чанд нафаре, ки дар ҳудуди басейн буданд, ба ӯ кумак нарасониданд ва ғарқ шудуни ӯ касеро нигарон накардааст.

Модари Сергей мегӯяд, ӯро баъди 9дақиқа аз об берун оварданд ва аз ҷониби кормандони маҷмаа ёрии аввалини тиббӣ расонида нашуд.

Вай ҳамчунин аз ташхиси колбадшиносӣ, ки ба гуфтаи ӯ бе иҷозати онҳо гузаронида шуд, изҳори норозигӣ намуда, гуфт, масъулини маҷмааи варзишӣ 30 дақиқаи сабти камераҳои мушоҳидавии маҷмааи варзишӣ пока карда шудааст.

Сергей бо ҷамъе аз дӯстонаш дар зиёрати мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

- Мо ҳама шубҳа дорем, ки Фитнесс-бошгоҳи “X-Fit” ба талаботи бехатарии муштариён, бахусус наврасону ҷавонон мувофиқат кунад. Дар фитнес-бошгоҳе, ки пули зиёд ба даст меорад, мутахассисони ноухдабаро кор мекунанд ва бехатарии муштариён кафолат дода намешавад,- шикоят намуд модари Сергей.

Вале як рӯз пас аз шикояти модари Сергей маҷмааи варзишии “X-Fit” дар саҳифаи расмиаш дар “Фейсбук” дар робита ба ҳодисаи 29 декабри соли 2021 баёнияи расмӣ нашр карда, муроҷиати модари марҳумро нодуруст ва дур аз ҳақиқат номид.

Дар баёния гуфта шудааст, ки 29 декабри соли 2021, пас аз танаффуси  2 моҳа, Сергей Шнякин ба бошгоҳ омад ва дар натиҷаи нигоҳ доштани нафаси тӯлонӣ дар дохили об аз гипоксияи мағзи сар ба ҳалокат расид.

Масъулони ин бошгоҳ гуфтанд, ки ӯ вақтҳои охир дар дохили об нафасашро дошта ба оббозӣ машғул шуданро машқ мекард ва маҳз ҳамин чиз сабаби маргӣ ӯ шудааст.

Масъулини маҷамааи варзишӣ пок кардани 30 дақиқаи сабти наворҳои камераҳои назоратиро рад карда гуфтанд, ки ҳамаи сабтҳоро дар мавриди он ки дар кадом соат ӯ ба бошгоҳ ворид шуд ва чӣ ҳодиса гузашт ба додситони ноҳияи Сино пешниҳод карданд.

- Дар ин ҳангом, дар ҳавз як дасурдиҳандаи таҷрибаомӯз навбатдорӣ мекард, ки тамоми омӯзиши заруриро хатм карда, дар асоси иҷозатномаҳои дахлдор ҳуқуқ дорад вазифаи дастурдиҳандагиро иҷро кунад. Дар Сергей ягон аломати маҷбуран ғарқшавӣ зоҳир нашуд, зеро ҳангоми нигоҳ доштани нафас дилаш аз кор монааст. Инструктор ба таври бояду шояд ахамият надод, зеро Сергей доимо дар зери об нафаси худро дошта, вактро ҳисоб мекард. Инструктор, духтури маҷмаа ва кормандони ёрии таъҷилӣ, тамоми чораҳои имконпазирро барои наҷоти Сергей андешиданд, мутаассифона, ҳеҷ чиз кӯмак накард,- омадааст дар баёнияи маҷмааи варзишӣ.

Онҳо ҳамчунин, дар мавриди бе иҷозати наздикони ҷавон гузаронидани ташхиси ҷасади фавтида гуфтанд, ки он бо иҷозати муфаттиш гузаронида мешавад ва дар чунин ҳолатҳо ҳатмист.

Додситони ноҳияи Сино гуфтанд, ки тафтишот зарур донист, ки ташхиси ҷасад сари вақт гузаронда шавад, то ки баъдтар дар бораи дурустии натичаҳо ягон савол пайдо нашавад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.