Аз соати 5:00 субҳи имрӯз, 19 январи соли 2022 ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Чаноқ" бар асари фаромадани тармаҳо дубора муваққатан баста шуд. Дар ин бора филиали ширкати IRS, ки масъули дар ҳолати коршоям нигоҳ доштан ва хидматрасонӣ дар ин роҳ аст, дар саҳифаи расмии фейсбукияш хабар медиҳад.
“IRS” мегӯяд, “бинобар бориши пуршиддати барф ва бо мақсади бартарафсозии пайомади тармафароӣ, тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилагжиш дар ҳамоҳангӣ бо БДА ВКД Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ тасмим гирифта шуд, ки аз соати 5:00 субҳ ҳаракати тамоми нақлиёт муваққатан боздошта шавад”.
Ин ширкат аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки моҳияти ин иқдомро, ки ба таъмини бехатарии онҳо рабт дорад, дарк намоянд.
Зикр бояд кард, ки ду рӯз пеш ҳам бар асари фаромадани тарма роҳи Душанбе-Чаноқ баста шуда буд. Ҳамин тариқ, баъди зуҳри дирӯз, 18 январ ширкати “IRS” хабар дод, ки роҳ аввал аз як ҷониб аз Хуҷанд ба Душанбе ва баъди чанде аз Душанбе ба Хуҷанд пурра боз шуд.
Гуфта мешуд, ки дар қитъаи аз 48 то 73-уми роҳ 13 тарма бо баландии аз 3 то 14 метр ва паҳноии то 200 метр фаромадааст.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи январ низ дар чанде аз қитъаҳои ин роҳ 14 тарма фаромада, ҳудуди 25 автомашина дар роҳ банд монда буданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“Қарзи инсонии худро иҷро кардем”. Чӣ гуна тоҷикон шаҳрвандони Русияро наҷот медиҳанд?
Падари Исломовҳо аз болои қарори ҳабсашон тибқи парвандаи “Крокус” шикоят бурд
Худкушии як донишҷӯ дар хобгоҳ. Ин ҳодисаи дуввуми марги донишҷӯ дар ДДХ давоми ду ҳафтаи охир аст
Кумитаи тафтишоти Русия аз боздошти боз як гумонбари ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар дод
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Як ниҳоди назди Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, вазъи муҳоҷирон дар Русия “тағйир наёфтааст”
Дар Қирғизистон Райимбек Матраимов ва се бародарашро ҳабс карданд
“Ҳамаро бурданду аз хоҳараш дарак нест”. Пайвандони Фаридуни Шамсиддин дар куҷоянд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста