Пулиси Душанбе як сокини 31-солаи шаҳри Душанберо барои озори ҳамсараш ба мӯҳлати 10 шабонарӯз ҳабс кардааст. Аз ин мардд Солеҳ Сафарзода ном бурда мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Солеҳи Сафарзода бошандаи кӯчаи Борбади пойтахтро сокинони кӯчаи мазкур барои пайваста мавриди хушунат ва озор қарор додани ҳамсараш гирифта ба мақомоти пулис овардаанд.
Пулиси Душанбе гуфтааст, ки Сафарзода бо рафтори авбошонаи худ мунтазам даст ба озори ҳамсараш мезадааст.
«Аз ҷумла, шаби 23 январи соли ҷорӣ, тахминан соати 20.00 дақиқа бо ҳамсараш муноқиша намуда, баъди таҳқиру дашном дар саҳни бинои истиқоматӣ аз мӯйи сараш кашола карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст», - меорад дар як хабарнома РВКД.
Дар натиҷа, нисбат ба шаҳрванд Сафарзода Солеҳ тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, нисбаташ бо Қарори Суд ба муҳлати 10-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шуд, мегӯяд пулис.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Боздошти ду мансабдор бо иттиҳоми порагирӣ ва заминфурӯшӣ
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста