Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон  гуфтдар пайи даргириҳои  шаби 27 ба 28-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон алайҳи марзбонҳои кишвари ҳамсоя парванда боз кардааст.

Додситони кул, рӯзи 2-юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки вобаста ба ҳодисаҳои ахири марзӣ “аз ҷониби ман парванда боз шуд, марзбонҳо ва баъзе аз шаҳрвандони Қирғизистон дар содир намудани ҷинояти муайян гунаҳкор мешаванд ва тафтишот давом дорад”.

Аммо Юсуф Раҳмон нагуфт, ки ин парвандаҳо алайҳи чанд нафар ва бар асоси кадом моддаҳои ҷиноӣ боз шудаанд

“Вобаста ба муноқишаи моҳи апрели соли гузашта дар марз бо Қирғизистон низ парванда боз шуда, баъзе гунаҳкорон муйян ва дастгир шуданд, бархеи дигар дар кофтукоб қарор доранд ва дар сурати дастгир шудан мо онҳоро ҳам ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашем”, - илова кард додситони кулли Тоҷикистон.

Қирғизистон ҳанӯз рӯзи 28-уми январ эълон кард, ки парванда боз кардааст. Ин парванда аз сӯйи Раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканд бо моддаи "ҷиноят алайҳи сулҳ"-и Кодекси ҷиноии ин кишвар боз шудааст.

Даргириҳои ахири марзӣ шаби 27 ба 28-уми январ рух доданд, ки Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро дар оғози оташкушоӣ муттаҳам мекунад. Дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон дар як изҳорот гуфт, ки рӯзи 27-уми январ мақомоти вилояти Бодканди кишвари ҳамсоя бояд ба як мулоқоти қаблан ҳамоҳангшуда меомаданд, аммо ба ҷойи мулоқот наомаданду тирпарониро оғоз карданд.

Ҷониби Қирғизистон ҳам даъво дорад, ки тирпарониро Тоҷикистон оғоз кард.

Дар даргириҳои ахир аз Тоҷикистон 2 нафар кушта ва 10 нафар, аз ҷумла 4 сокини осишта захмӣ шуданд. Нафарони кушташуда аз Тоҷикистон Обидҷон Тӯйчиев, як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло ва ронандаи 62-солаи “Ёрии таъҷили”-и Беморхонаи марказии шаҳри Исфара Абдулатиф Шарифов мебошанд.

Ҷониби Қирғизистон аз захмӣ шудани 12 нафар дар ин даргириҳо хабар дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.