Дар оташзании ду автомашинаи таксии ширкати “Сафар Ориён” ("ЯК Такси - 1111")  дар шаҳри Бохтар собиқ таксирони дигар ширкати таксии “3333” Исроил Тешаеви 25-сола гумонбар дониста мешавад, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ.

“Муайян карда шуд, ки номбурда ҷинояти мазкурро аз ҳиссиёти бадбинӣ ва ғарази шахсӣ нисбати ронандагони ҶДММ «Сафар Ориён», машҳур бо номи «такси 1111», содир намудааст”, - омадааст дар хабар.

Бино ба маълумоти манбаъ, ин ҳодиса рӯзи 5-уми феврал тақрибан байни соатҳои 1ва 2-и шаб дар қаламрави истгоҳи таксиҳои “1111” дар шаҳри Бохтар рух додааст.

“Он шаб ду автомашинаи таксии Opel Zafira ва Opel Vectra-и мутааллиқ ба сокини ноҳияи Кӯшониён Акмал Абдураҳимов ва сокини ноҳияи Вахш Умед Юсупов оташ зада шуд”, - зикр мешавад дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, гумонбаршуда боздошт шудааст: “Дар ҷараёни баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар қаламрави вилояти Суғд ҳангоми кӯшиши убури сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар гузаргоҳи марзии “Фотеҳобод” ба гумони даст доштан дар ин амал сокини шаҳри Бохтар Исроил Тешаев боздошт шуд”.

Нисбати гумонбаршуда мутобиқи моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

Дар моддаи мазкур ҷарима ба андозаи  аз 360 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ба муҳлати аз 2 то 5 сол маҳрум сохтан аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.