Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ҷасади як раиси ҷамоаттро овехта пайдо кардаанд. Ин ҳодиса шаби 11 феврали соли 2022 рух додааст. Як манбаъ аз ҳукумати Шаҳритус рух додани ҳодисаро таъйид кард.

Манбаъ гуфт, ки шаби 11 феврал соли 2022 Хушқадам Нодиров раиси ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назарови ноҳияро овехта пайдо карданд. Сабабу омилҳои ҳодисаи рухдода бо раиси ҷамоат маълум нест.

Ин манбаъ мегӯяд, ки "мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаро таҳқиқ доранд".

Хушқадам Нодирови 34-сола то вазифаи раиси ҷамоат, ба унвони нотариуси давлатӣ ва сармутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросими ҳамин ҷамоат кор кардааст. 

Ин хабар такмил мешавад...

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.