Субҳи имрӯз, 11 феврал дар варзишгоҳи маъруф ба “Авиатор”-и ноҳияи Шоҳмансур як хонандаи мактаб дар “турник” худро ба дор овехтааст. Дар ин бора як манбаи “Азия-Плюс” хабар дод.

Хабари худкушӣ намудани як нафарро дар варзишгоҳи “Авиатор” маркази матбуотии ВКД Тоҷикистон ва РВКД шаҳри Душанбе тасдиқ намуданд.

Аз ВКД гуфтанд, ки барои мушаххас намудани шахси овехташуда, омӯзиши сабабҳои ҳодиса гурӯҳи корӣ равон шудааст ва ҷузъиётро дертар хабар медиҳанд.

Аз РВКД шаҳри Душанбе ҳам гуфтанд, баъди омӯзиши ҳодиса ба расонаҳо ҷузъиётро мегӯянд.

Шахсияти нафаре, ки ки худро овехтааст ва сабабҳои он то ба ҳол барои мо маълум нест.

Хабар такмил мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.