Дар маркази ноҳияи Қубодиен як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оташ гирифтааст. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки дар баробари мошинҳои сӯхторнишонӣ, мардуми зиёде низ ба ҷойи ҳодиса омада, талош доранд оташро хомӯш кунанд.

 Алиҷон Тоҷиев, муовини раиси ноҳия ба Азия-Плюс хабар дод, ин нуқтаи сӯзишворӣ дар маркази ноҳия, дар рӯ ба рӯйи идораи Додгоҳи ноҳия қарор дорад.

Дар натиҷаи ин сӯхтор 15 нафар ҷароҳат бардоштаанд, ки ҳолати 2-3 нафарашон вазнин арзёбӣ мешавад. 

Дар ҷойи ҳодиса 6 мошини сӯхторнишони аз худи ноҳияи Қубодиен ва ноҳияҳои Шаҳритус, Дӯстӣ ва Носири Хусрав кор карда истодаанд, аммо муваффақ ба хомӯш кардани сӯхтор нашудаанд.  

Манбаъ нагуфт, ки ин сӯхтор кай сар задааст, танҳо ишора кард, ки баъдан сабабу омилҳои сар задани сӯхтор  муайян карда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.