Бар асари сар задани сӯхтор ва таркиш дар пайи он дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (“заправка”) дар ноҳияи Қубодиён 14 нафар захмҳои гуногуни сӯхтагӣ бардоштанд, ки миёнашон занон ҳам ҳастанд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Беморхонаи ҷумҳуриявии Тоҷикистону Ӯзбекистон хабар дод, 8 нафар ҷабрдидагон ба онҳо муроҷиат намуда, ҳолати 2 нафарашон вазнин ва ҳоло дар шуъбаи эҳёгарии бемористонанд. Боқимонда 6 нафари дигар осори сӯхтаҳои дараҷаи миёна дошта, зери муоинаи табибон қарор гирифтаанд.

Сурат: Asia-Plus

Холмурод Ойматов, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ба онҳо низ 6 нафар муроҷиат карда, вазъи солимии яке аз онҳо - Раҷаб Маллаеви 21-сола вазнин ва ӯ дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дорад. Боқимонда 5 ҷабрдидаи дигар пас аз расонидани кумаки тиббӣ ба хонаҳояшон русхат дода шудаанд.

Тибқи маълумоти кормандони тиббӣ, осори захмҳои сӯхта дар бадани онҳое, ки дар шуъбаи эҳёгарии бемористонанд, беш аз 90%-ро ташкил дода, табибон баҳри наҷоти онҳо талош меварзанд.

Сурат: Asia-Plus

Як манбаъ аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ду гуруҳи мутахассисони ҷумҳурӣ ва вилоят барои кумак ба табибони Қубодиён сафарбар шудаанд.

Сӯхтор ва таркиш дар пайи он дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиён тахминан байни соатҳои 15 ва 16-и рӯз рух дода, бар асари он ин нуқта пурра ба коми оташ рафт. Ба оташнишонон муяссар шуд, ки таркиши як зарфи 10 тоннаи газро пешгирӣ кунанд.

Дар натиҷаи ин ҳодиса ҳамчунин нуқтаи хидматрасонӣ барои автомашинаҳо ва 7 мошини дигар низ осеб дидаанд.

Сокинони маҳаллӣ ба хабарнигори “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки шумори нафарони осебдида зиёдтар буд, лекин онҳо захмҳои сабуки сӯхтагӣ гирифта, ба табибон муроҷиат накардаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.