Як мошини боркаш, ки таҷҳизоти гаронарзиши истеҳсоли Ҳиндустонро, ки барои таҷдиди яке аз чарха (агрегат)-ҳои Неругоҳи барқии обии “Норак” мебурд, дар роҳ ба садама дучор шуда, таҷҳизот корношоям шудааст. Ҳоло таҷдиди неругоҳи мазкур бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон идома дорад.

Гуфта мешавад, ки ҳодиса рӯзи 19 феврал рух дода, таҷҳизот то ҳол дар ҷойи садама қарор дорад.

Муҳаммадамин Муҳаммадсаидзода, сармуҳандиси НБО “Норак” рӯзи 3 март дар суҳбат бо “Азия - Плюс” рух додани садамаро тасдиқ кард ва гуфт, ки онҳо интизори “кран”- е ҳастанд, ки онро бардорад, зеро дар Тоҷикистон крани сайёре, ки тавоноии бардоштани таҷҳизоти вазнинро дошта бошад вуҷуд надоштааст.

Ӯ афзуд, таҷҳизот як қисми “ротор”- и муҳаррик аст, ки барои таҷдиди агрегати НБО “Норак” пешбинӣ шудааст ва он аз Ҳиндустон харидорӣ шуда, 63 тонна вазн дорад.

- Таҷҳизот аз Ҳиндустон меомад ва дар ағба - аз 1 километрии дур аз даромадгоҳи шаҳри Норак ба садама дучор шуд. Ҳарчанд ин таҷҳизот барои НБО “Норак” аст, вале ҳоло ба неругоҳ вобаста нашудааст. Таҷҳизот то ба ҳол дар ихтиёри ширкати воридкунанда аст ва баъди пурра насб шудан ба ихтиёри неругоҳ мегузарад, - гуфт Муҳаммадсаидзода.
аз хонандагони "Азия-Плюс"

Номбурда афзуд, ки таҷҳизотро ширкати ғолиб "Андритс Ҳидро”, яке аз пудратчиёни таҷдиди неругоҳ аст, аз Ҳиндустон харидорӣ карда, ба Тоҷикистон ворид кард.

Ин масъули неругоҳ дар бораи ҳаҷми маблағи таҷҳизот изҳори бехабарӣ кард ва зикр намуд, ки чунин таҷҳизот назираш дар Тоҷикистон нест ва махсусан барои таҷдиди НБО “Норак” пешбинӣ шудааст.

Ҳамсуҳбати мо тасдиқ кард, ки таҷҳизот то ба ҳол дар ҷойи ҳодиса – тақрибан 10 метр дуртар аз роҳи асосӣ қарор дорад ва барои берун овардани он роҳ бояд сохт, то “кран” – е, ки 200 тоннаро бардошта метавонад онро берун орад.

Гуфта мешавад, ки дар сурати то ба ҷойи зарурӣ расидани таҷҳизот дар худи неругоҳ “кран” - ҳои 360 тонна (козловой кран) мавҷуд аст, ки метавонад,  таҷҳизотро дар ҷойи зарурӣ насб кунанд.

- Корҳо барои бардоштани таҷҳизот ҳоло оғоз нашудааст. Ширкати воридкунанда “Андритс Ҳидро” таҷҳизотро бояд то ба ҷойи зарурӣ оварда, насб кунад. Дар НБО “Роғун” як “кран”- и 130 тонна ҳаст, вале он наметавонад, ки таҷҳизотро берун кунад,- гуфт сармуҳандиси НБО “Норак”.

Ӯ дар бораи дар натиҷаи садама корношоям шудани таҷҳизот изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, танҳо баъди он ки таҷҳизотро берун мекашанд, мутахасисаи ширкат дар бораи коршоямии он хулоса медиҳад.

Чархаҳои НБО Норак

Вале Дилшод Асозода, раиси шаҳри Норак гуфт, тибқи иттилои ба ӯ расида, дар натиҷаи садама таҷҳизот корношоям шудааст ва масъулини ширкати воридкунанда гуфтаанд, ки дар сурати корношоям шудани таҷҳизот онро мебаранд ва ба ҷояш таҷҳизоти нав ворид мекунанд.

Асозода гуфт, ки масъулини сатҳи болоии ҳукумат дар шахси муовини сарвазири кишвар, раиси ширкати “Барқи тоҷик”, вазири энергетика дар доираи як ҳайати гурӯҳи корӣ ба ҷойи ҳодиса омаданд ва барои  ҳалли он дастурҳо доданд.

- Масъулини ширктаи воридкунанда бояд рӯзҳои наздик биёянд. Вале мо техникае надорем, ки таҷҳизоти 63 тонагиро бардорад. Интизор меравад, ки чунин “кран” - ро аз Қазоқистон ё Қирғизистон ворид кунанд, - гуфт Дилшод Асозода.

Сармуҳандиси НБО “Норак” гуфт, ки ин таҷҳизот ба генераторе, ки дар неругоҳ кор мекунад дахолат надошта, барои генератори оянда, ки баъди таҷдид насб мешавад пешбинӣ шудааст.

Ба садама дучор шудани мошини ҳомили як таҷҳизоти гаронарзиш, ки барои таҷдиди НБО “Норак” пешбинӣ шудааст,  дар ҳолест, ки сокинони Норак мегӯянд, минтақае, ки садама рух дод, хатарнок буда, ҳамасола даҳҳо мошин дар ин минатқа ба садама дучор мешаванд. Вале масъулин барои пеши роҳи онро гирифтан коре намекунанд

Дилшод Асозода, раиси шаҳри Норак
аз norak.tj

Ҳамин тариқ, корношоям шудани як таҷҳизоти муҳим барои таҷдиди НБО “Норак” дар ҳолест, ки чанд рӯзи охир сокинони кишвар аз ҷорm шудани лимити барқ шикоят мекунанд ва аз бебарқӣ ранҷ мекашанд.

Аз ин пештар, яке аз сабабҳои талаф ёфтани неруи барқро аз куҳнаву фарсуда будани агрегатҳои НБО “Норак”, ки гуфта мешуд аз соли ба фаъолият оғоз карданаш (1979) таҷдид нашудааст, рабт медоданд.Ҳамин тариқ, чанд соле пеш раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки ин неругоҳ таҷдид карда мешавад ва ҳоло дар доираи яке лоиҳа ва бо қарзи яке аз бонкҳои хориҷӣ ин неругоҳ бозсозӣ мешавад.

Акнун ки яке аз таҷҳизоти муҳим ба садама дучор шудаву интизор меравад, корношоям шудааст, кори таҷдид ин неругоҳро ба ақиб мепартояд ва интизор меравад, ки лимити барқ дар кишвар давом ёбад.

Ҳоло ба ҷуз шаҳри Душанбе, ВМКБ ва шаҳрҳои марказии вилоятҳо, дигар дар тамоми кишвар маҳдудияти интиқоли барқ ё лимит ҷорӣ шудааст, ки мувофиқи он аз соати 22.00 то 04/05-и субҳ ва рӯзона аз соати 08. то 17/18.00-и бегоҳӣ барқи сокинон қатъ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.