Шаҳрванди Тоҷикистон як мактабхони 10-соларо, ки дар роҳи метрополитени Маскав рӯи релсҳо афтида буд, наҷот дод.

Тавре ки MK.ru хабар медиҳад, пештар наврас ҳамроҳи волидайнаш ба машғулиятҳои касбомӯзӣ рафта, ҳамагӣ се моҳ пеш мустақилона худаш ин корро мекардааст.

Яке аз мусофирзанони метро ба рӯзноманигорон нақл кардааст, ки як марди симои осиёидошта кӯдакро ба платформа кашида баровардааст. Ин шахс зодаи 40-солаи Тоҷикистон будааст.

Гуфта мешавад, пас аз ин ҳодиса наврасро дар шуъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ намуда, вазъи солимии ӯ вазнин арзёбӣ мешавад.

“Ба наҷотдиҳандаи ӯ, зодаи 40-солаи Тоҷикистон лозим омад, ки бо намояндагони таъмини тартибот суҳбат кунад. Мард тамоми ҳолатҳои қазияро нақл карда, иброз дошт, ки чӣ гуна аз платформа афтидани наврасро дидааст. Ин мард 20 сол инҷониб дар Маскав зиндагӣ дошта, рӯзгорашро бо корҳо дар сохтмон ва таъмир пеш мебарад. Лекин ҳоло бекор аст”, - омадааст дар сомона.

Ин бори аввал нест, ки тоҷикон барои наҷоти одамон дар Русия ҷони худро зери хатар мегузоранд. Масалан, моҳи июни соли 2020 донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи аграрии Бошқирдистон Ҳоҷимурод Қаландаров як кӯдакро аз ғарқшавӣ дар дарёи Белое дар шаҳри Уфа наҷот дода, худаш ба соҳил баромада натавонист ва ғарқ шуд. Ӯ он рӯз ҳамроҳи дӯстонаш дар канори дарё истироҳат мекард.

Баъдан ҳукуматдорони Бошқирдистон Ҳоҷимурод Қаландаровро бо медали “Барои шуҷоат” қадрдонӣ карданд.

Дар соли 2018 низ як шаҳрванди дигари Тоҷикистон Фарзон Салимов ҷони худро зери хатар гузошта, даҳҳо нафарро аз сӯхтор дар маркази савдои “Зимняя вишня”-и Кемерово наҷот дод. Баъдан Кумитаи тафтишоти Русия ӯро бо медал сарфароз кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.