Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар вазъи обу ҳаворо барои 19-20-уми март номусоид пешгӯйӣ мекунад. Ба иттилои ин ниҳод  дар ноҳияҳои водигӣ ва доманакӯҳӣ боридани борон  ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф дар назар аст.

Дар ин рӯзҳо дар дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии  навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, ВМКБ, ҳамчунин дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва водигии вилояти Хатлон, дар шоҳроҳҳои Душанбе-Лахш, Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Варзоб ва Айнӣ-Панҷикент хавфи омадани селу селхезӣ боқӣ мемонад.

Оҷонсӣ мегӯяд, ки 19-21 март дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ, шоҳроҳҳои Душанбе-Чанок, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ—Ҷелондӣ хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9,  дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм,  рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи водигӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон ва барфи тар дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳо зиёда аз 2000м борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Шабона дар баъзе ноҳияҳо борони бошидат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм,  рӯзона 2+7  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, тормеғи тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3+5 дараҷа гарм, рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.