Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як писару як духтар мехостанд даст ба худкушӣ зананд. Духтар наҷот ёфта, ҷавонро то ҳол ҷустуҷӯ доранд.

“Субҳи 28 апрел ба навбатдори Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд хабар расид, ки як писару як духтар аз пули " Юбилейный”-и шаҳри Хуҷанд худро ба Сирдарё партофтаанд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

“Маълум шуд, ки писар сокини 21-солаи деҳаи Падрӯди ноҳияи Айнӣ, донишҷӯи яке аз мактабҳои олии Хуҷанд ва духтар - сокини 18-солаи деҳаи Нурафшони шаҳри Леваканти вилояти Хатлон мебошанд. Духтар худаш мустақилона аз дарё баромада, лекин мутаассифона, ҷавон ғарқ шудааст. Ғаввосон (водолазҳо) то торикиҳои шаб  ҷустуҷӯ карда, лекин ҷасад дарёфт нашуд”, - гуфт Юсуфӣ.

Тибқи маълумоти маркази матбуоти Кумита, субҳи 29 апрел корҳои ҷустуҷӯи ҷасад дубора аз сар гирифта шуданд.

Зимнан зикр шуд, ки сабабҳои ба ин амал даст задани ҷавонон ҳоло маълум набуда, мақомот пайи таҳқиқи он мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.