Шаҳрдории Душанбе бо нашри як эълон гуфтааст, ки бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии корхонаи обу корези Душанбе аз соати 22:00 шаби 26 май то соати 02:00 шаби 27 май корҳои безараргардониро мегузаронад.

Ба гуфтаи ин ниҳод, ин тасмим дар пайи боронгариҳои чанд рӯзи охир рӯи даст гирифта шудааст.

Шаҳрдории Душанбе аҳолиро огоҳ кардаст, ки дар натиҷаи корҳои безараргардонӣ об тира мешавад, ки он аз ҳисоби истифодаи аз меъёр зиёд гипохлориди натрий аст.

Аз ин лиҳоз, лозим донистем шаҳрвандонро огоҳ созем то дар ҷараён бошанд ва аз истифодаи оби ноҷӯшонда худдорӣ намоянд, - навиштаатс шаҳрдорӣ.

“Хлор”-олуд шудани об дар Душанбе дар ҳолест, ки дар пайи боронгариҳои шадиди рӯзҳои 21-22 май ба бархе кӯча, ҳавливу роҳрав ва таҳхонаи манзилҳои сокинони Душанбе зери об монда, ба роҳҳои автомобилгард баромадани об ҳаракати нақлиётро мушкил карда буд. Маълум мешавад, ки боронгариҳо ба дастгоҳҳои обкашонӣ низ зарар расонидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.