Раёсати Вазорати корҳои дохили дар вилояти Хатлон дар як хулосаи пешакӣ, сабаби сӯхтор дар бозори "Фаровон" - и шаҳри Бохтарро расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ гуфт.
РВКД дар саҳифаи фейсбукияш навиштааст, ки бино ба натиҷаҳои фаврии санҷиш расиши ноқилҳо дар яке аз ошхонаҳои бозор сабаби сӯхтор шудааст.
Дар ин хабарнома омадааст, ки хабари сар задани сӯхтор ба қисми навбатдории Раёсати оташнишонии РВКД дар вилоят соати 22:25 дақиқа расидааст. Дар натиҷа, ба ҷойи ҳодиса 28 мошини оташнишонӣ бо 128 нафар сафарбар карда шудааст.
Вақте отанишонон ба ҷойи ҳодиса расиданд, аллакай сӯхтор майдони 1200 метри мураббаъро фаро гирифта буд. Ҳамчунин таҳдиди боз ҳам паҳншавии сӯхтор чой дошт. Ҳайати шахсии Раёсати оташнишонӣ тавонистанд пеши роҳи паҳншавии сӯхторрро бигиранд.
Раёсати вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки сабабҳои аслии сар задани сӯхтор дар рафти санҷиши ҳаматарафа муайян карда мешавад.
Дар натиҷаи сӯхтори шаби 1 ба 2-юми июн дар ин бозор 12 тан захм бардошта буданд, ки ки вазъи як тани онҳо, соҳибкори 52-сола вазнин гуфта мешавад. Як манбаъ дар Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба "Азия-Плюс" рӯзи 2-юми июн гуфт, ки 90 дар сади бадани ин соҳибкор сӯхтааст.
Ҳаҷми зарари расида аз сӯхтор то кунун муайян нашудааст.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста