Далели аслии сӯхтор дар бозори "Фаровон -Қурғонтеппа"-и Бохтар эълон шуд. Ошхонаи хуссусии "Ганҷина-3" манбаъи сӯхтор эътироф шудааст.
Нашрияи маҳалии "Набзи Бохтар" дар як гузоришаш аз ҷараёни ситоди шаҳрӣ дар мавриди сӯхтор дар бозори "Фаровон-Қӯрғонтеппа", ки 8 июн таҳти раёсати Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар баргузор шудааст, дар ин бора хабар додааст.
Ба навиштаи ин нашрия, дар ситоди шаҳрӣ гуруҳи тафтишотӣ эълон кардааст, ки сабаби сар задани сӯхтор хатҳои барқи ошхонаи хуссусии "Ганҷина-3", ки дар дохили бозор ҷойгир будаанд, шудааст.
Ҳамчунин ин нашрия навиштааст, ки сӯхтор ҳаҷми 1,2 ҳазор метри мурабаъро фаро гирифта ба соҳибкорону соҳибмулкони бозор 3,2 миллион сомонӣ зарар расондааст.
3,2 миллион сомонӣ ҳисоб шудани зарар дар ҳолест, ки соҳибкорони зарардида дар суҳбатҳои хусусӣ аз зарари бештар диданашон суҳбат мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи сухтори шаби 1-июн растаҳои мағозаҳои техникаҳои маишӣ, либосҳои занона, мағозаҳои пояфзолу либосаи қиматбаҳо ба коми оташ рафтаанд.
Раёсати Вазорати корҳои дохили дар вилояти Хатлон ҳам 3 июн дар як хулосаи пешакӣ, сабаби сӯхтор дар бозори "Фаровон" - и шаҳри Бохтарро расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ гуфта буд.
Дар хабарномаи ин ниҳод омада буд, ки сабабҳои аслии сар задани сӯхтор дар рафти санҷиши ҳаматарафа муайян карда мешавад.
Дар натиҷаи сӯхтори шаби 1 ба 2-юми июн дар ин бозор 12 тан захм бардошта буданд, ки ки вазъи як тани онҳо, соҳибкори 52-сола вазнин буд ва ӯ баъдан дар бемористон ҷон дод. Ин соҳибкор Муҳаммад Сафаров буд, ки ба гуфтаи табибон 90 дар сади баданаш сӯхта буд.
“Қадаш як ваҷаб аст, автоматро қапида наметавонист”. Сӯҳбати озоди волидони Далерҷон Мирзоев бо хабарнигорон
Дар Тоҷикистон “ҷодугарону муллоҳои тӯмордеҳ”-ро рӯйхат мекунанд
Туркия ба Тоҷикистон барои харидории бесарнишин $1,5 млн ва барои таълими низомиёни тоҷик $62 ҳазор медиҳад
Боздошти капитани милитсия бо 20 ҳазор сомонӣ пора
Дар Тоҷикистон мехоҳанд боз як қонун қабул кунанд. Он ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ то куҷо мусоидат мекунад?
ВАО: Сафорати Тоҷикистон дар Русия доир ба тафтиши ҳамла ба “Крокус” изҳори назар намекунад
Муҳаққиқи тоҷик пешниҳод кард, ки 15 апрел Рӯзи Айнӣ эълон шавад
Ҳабси шаҳрванди Тоҷикистон дар Твер ба гумони қайди қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус”
Футболбозони ҷавони тоҷик Ҷоми Осиёро бо бохт оғоз карданд
Ҳамаи коргарони “Крокус”-ро ба даст доштан дар амали террористӣ месанҷанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста