Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар аз омадани селҳо дар минтақаҳои мухталиф ва шамоли сахт хабарҳо расиданд.

Тавре ки Кумитаи ҳоатҳои фвақулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, боронҳои шадид дар қаламрави деҳаҳои Пит, Ҳадишаҳр, Пастиғав ва Ғурфкати ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сабаби омадани сел шуда, дар натиҷа заминҳои кишт зарар диданд ва лойқа роҳҳои мошингардро пӯшонд.

“Бо талоши кормандони хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти роҳҳо тоза ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуданд, - иттилоъ медиҳад Кумита. - Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”.

Гуфта мешавад, 15 июн наздик ба соати 22:30 дақиқа шамоли сахт дар қаламрави деҳаи Пилдон ва Чубайи ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳияи Лахш боми 10 хонаи истиқоматӣ, ду бинои ёрирасон ва сақфи бинои мактаби таҳсилоти умумиро қисман баркандааст.

“Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт. Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи фаврӣ аз ҳисоби кормандони Кумита ва Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад”, - зикр мешавад дар маълумоти Кумита.

Зикр мешавад, ки корҳои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ бо ҷалби тамоми қувваю воситаҳои зарурӣ давом дошта, комиссия мизони зарари расидаро муайн мекунад ва вазъ зери назорати доимии роҳбарияти Кумита қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти обуҳавошиносон, аз 17 то 21 июн дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ҷумҳурӣ ба истиснои қисми шаркии ВМКБ борон  борида, он метавонад  сабаби омадани сел ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо шавад ва инчунин хатари лағзиши тарма, резиши санг низ зиёд аст.

Дар робита ба ин Кумита аз сокинон ва меҳмонони навоҳии кӯҳистон даъват мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар манотиқи кӯҳӣ ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд. Ҳангоми ҷамъоварии ҳезум, занбӯруғ ва дигар зироатҳо, ҳамчунин чорвочаронӣ, моҳигирӣ хеле эҳтиёткор бошанд. Волидон бояд ба бачаҳо бештар диққат диҳанд, онҳоро беназорат нагузоранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.