Шабонарӯзи гузашта ҷасади ду ноболиғ аз дарёи Кофарниҳон берун оварда шуданд.

Тавре ки Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 19 июл сокини 14-солаи деҳаи Ориёни ҷамоати Шарафободи шаҳри Ҳисор ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст.

Гуруҳи имдодгарон бегоҳӣ ҷасади писарро дар 10 километр поинтар аз ҷойи ҳодиса дарёфт намуда, ба хешовнадонаш супурданд.

Ҳодисаи дигар дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст.

“Шоми рӯзи 7 июл сокини 12-солаи деҳаи Истиқлол-1-и ноҳияи Рӯдакӣ низ ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ мешавад, - гуфтанд дар Кумита. - Танҳо чанде пеш, рӯзи 19 июл ҷасади ӯ дарёфтва ба хешовандонаш супурда шуд”.

Бино ба маълумоти Кумита, дар зарфи 7 моҳи соли равон дар кӯлу дарё ва наҳру дигар обанборҳои кишвар 107 нафар ғарқ шудаанд, ки 55 нафари онҳо кӯдакон ва наврасони синни то 16-сола мебошанд. Ба кормандони Кумита муяссар шудааст, ки 24 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот диҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.