Наздикони 5 нафаре, ки бар асари чаппа шудани тепаи хок дар деҳаи Сангпари Кӯлоб ҳалок шуданд, мегӯянд, маҳз вайрон будани роҳи деҳа ва ба таври зарурӣ анҷом нашудани хизматрасонии тиббӣ сабаби фавти пайвандони онҳо шудааст.

Ин ҳодиса рӯзи 24-уми июли соли равон дар деҳаи навбунёди Сангпари ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб дар хонаи Ҳақназар Абдулоеви 45-сола рӯх дод. Абдуллоев он рӯз мехост хонаи харгушонашро васеъ кунад ва чаҳор кӯдаки ҳамсоя - Баракатулло Шарипови 13-сола, Ёқуби 10-сола, Ёсинҷони 9-сола ва Файзуллои 6-сола аз оилаи Санговҳо кори Ҳақназарро тамошо мекарданд.

Ғоибназар Абдуллоев, падари Ҳақназар Абдуллоев зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, аз писараш 3 духтар монд, ки аз ҳама хурдиаш 3-сола аст.

Ӯ афзуд, писараш яке аз аввалинҳо аст, ки дар ин деҳаи навбунёд ҳудуди 5-6 сол пеш хона сохт ва зиндагиро инҷо ихтиёр кард.

Ба таъкиди номбурда, ҳодиса замоне сар задааст, ки Ҳақназар мехост, хонаи хургӯшонашро васеъ кунад.

Абдулоев, мушкили аслии ин деҳаро роҳи вайрона ва беобӣ унвон кард ва афзуд, ки аҳолӣ маҷбур мешаванд, ки аз чанд километр аз заминҳои ҳамвор об кашонанд.

- Дар инҷо танҳо онҳое зиндагӣ мекунанд, ки зарурманд ҳастанд ва дигар ҷои рафтан надоранд. Ҳақназари раҳматӣ як маротиба ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт, аз сабаби он ки саломатиаш хуб набуд, дигар нарафт ва дар ҳамин ҷо чархи зиндагиро бо мушкилӣ мечархонд, - афзуд Ғоибназар Абдуллоев.

Ӯ мегӯяд, агар роҳи деҳа дуруст мебуд ва мошин ёрии таъҷилӣ сари вақт меомад, шояд писар ва кӯдакони ҳамсоя намефавтиданд.

Дар миёни кӯдакони ҳалокшуда, як писари Нуриддин Шарипов, низ буд, ки мехост ба Ҳақназар кӯмак кунад.

Ба нақли Нуриддин, падари Баракатуллоҳи 13—сол вақте кӯҳпора ба болои онҳо меафтад, зани ҳамсоя мардумро барои кӯмак даъват мекунад, вале аз сабаби он ки дар деҳа мардон набуданд, касе ба кӯмак намерасад.

- Танҳо дар хонаҳо занҳо мондагӣ се, чор нафар зани ҳамсоя давида, то кўҳпораро аз болояшон мегиранд, ки кор аз кор мегузарад. Ҳодиса соатҳои 17:30 рух додаастт, - гуфт Нуриддин.

Вай гуфт, ҳамагӣ 4 фарзанд дорад ва Баракатуллоҳ, ки нав 13-сола шуд, фарзанди бузургаш буд.

Шамсулло Сангов, марде, ки дар ин ҳодисаи ба гуфтаи худаш мудҳиш, се набераашро аз даст дод, афзуд, замоне, ки ду набераи ӯро аҳолӣ аз зери хок берун оварданд, зинда буданд, вале маҳз сари вақт талош накардани кормандони ёрии таъҷилӣ барои наҷот дар роҳ ба сӯи беморхона ба ҳалокат расиданд.

- Он рӯз, вақте ман ба Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Кӯлоб рафтам, гуфтанд, як набераам то ба беморхона бурдан зинда буда, дар дохили беморхона фавтидааст. Ҳамчунин Баракатулло низ зинда будааст, вале табибон сари вақт барои наҷоти онҳо дар беморхонаи ёрии таъҷилӣ талош накарданд, - нигаронӣ кард Сангов. 

Дар ҳамин ҳол, Латофат Рустамова, директори Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Кӯлоб иддаои Санговро рад кард ва гуфт, нафаре, ки таги кўҳ мемонад, ҳаво нарасида, баъди се дақиқа ба ҳалокат мерасад.

- Чор нафар кӯдаке, ки ба маркази мо овардаанд, ҳамаашон ҳалок шуда буданд. Ягон нафарашон зинда набуд. Овозаҳо дар бораи он ки ду кӯдак зинда буд ва кормандони мо барои наҷоти онҳо талош накардаанд, ҳақиқат надорад, - афзуд директори маркази Ёрии таъҷилӣ.

Деҳаи Сангпар дар ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст. Дар ин деҳа ҳудуди 300 хонавода зиндагӣ мекунанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.