Чанде пеш кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода қурбонии навбатии риоя накардани қоиддаҳои бехатарӣ дар обро аз канал берун оварданд.
Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бори навбатӣ боз як ноболиғ ғарқ шудааст.
“Шоми 9 август ба қисми навбатдории Кумита хабар расид, ки як сокини 12-солаи деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар як канали байнидеҳавӣ бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва беназоратии волидон ғарқ ва ба ҳалокат расидааст”, - иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти Кумита.
Гуфта мешавад, барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ба ҷойи ҳодиса кормандони шуъбаи ноҳиявии Кумита сафарбар шуда, ҳамроҳ бо сокинони деҳа ҷасадро даҳ метр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо ва ба волидонаш супурданд.
Бино ба маълумоти Кумита, дар зарфи 7 моҳи соли равон дар обҳои кишвар 123 нафар ғарқ шуданд, ки 64 нафари онҳо ноболиғони то 16-сола буданд.
Дар ҳамин иртибот Кумита ба падарону модарон муроҷиат мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро назорат карда, онҳоро танҳо ба оббозӣ иҷозат надиҳанд.
Ҷиддан бояд қоидаҳои будубош дар назди махзанҳои обро риоя намоянд. Оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ барои ҳаёти шумо хатар дорад! Эҳтиёт кунед!!!
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста