Ду нафар бар асари заҳролуд шудан бо гази оксиди карбон дар ноҳияи Зафаробод  ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора КҲФ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад як нафари дигар дар ҳоли беҳушӣ ба бемористон интиқол дода шуда, вазъаш вазнин арзёбӣ мешавад.

Ба иттилои манбаъ дар системаи қубурҳои интиқоли оби ташнобҳо садама рух додааст ва ин се нафар барои бартараф намудани паёмадҳои он вориди чоҳ шудаанд.

"Баробари ворид шудан ҳар се шадидан аз партоби гази оксиди карбон заҳролуд шудаанд. Ду нафар дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, як нафари дигар дар ҳоли беҳушӣ аз чоҳ берун оварда шуда ва ба беморхона интиқол дода шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Кумита гуфтааст, ки сабаби ҳодиса дақиқ нест, эҳтимол меравад ин се корманд бе либоси махсус ва омодагии қаблӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба ин фоҷеа рӯбарӯ шуда бошанд.

Ҳодисаи мазкур баъд аз зуҳри 16 август рух додааст, мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.