Панҷакент. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ба роҳбарони корхонаву ташкилот ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд барои қабули қарорҳои ғайриқонунӣ амрнома ва огоҳиномаи прокурорӣ дода шудааст.
Прокурори шаҳр Рустам Азизов иттилоъ дод, ки дар натиҷаи баргузории санҷиши назорати прокурорӣ ва тафтишоти иҷрои қонунҳои амалкунанда дар нимсолаи аввал 137 огоҳинома ва 110 эътирознома бароварда шудааст.
Ба қавли ӯ, дар натиҷаи баррасии қарорҳои мазкур нисбат ба 104 нафар ҷавобгарии интизомӣ,
94 нафар ҷавобгарии моддӣ ва 131 нафар ҷавобгарии маъмурӣ татбиқ карда мешаванд.
«Ба буҷаи ҷумҳурӣ 491 ҳазору 718 сомонӣ хисороти воридгашта баргардонида шудааст, - идома дод прокурор. - Дар маҷмӯъ, ба додгоҳ 36 аризаи даъвогӣ ба маблағи 1 миллиону 779 ҳазору 382 сомонӣ ирсол гардидааст».
Дар шарҳи ирсоли амрномаву аризаҳои даъвогӣ Р.Азизов изҳор дошт, ки бештари маблағҳо ба соҳаи андоз дахл доранд ва бо айби рафтори хунукназаронаи кормандони нозироти андоз ба вуҷуд омадаанд.
«Ҷиҳати ошкор сохтан, пешгирӣ намудан ва бартараф сохтани қонуншиканиҳо прокуратура тамоми чораҳоро меандешад», - афзуд Р.Азизов.
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста