Душанбе 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Шаҳрванди Тоҷикистон Комилҷон Эшонқулов ба ҷурми даст доштан дар инфиҷори назди бинои Додгоҳи Олӣ ба 22 соли зиндон маҳкум гардид.
Аз додгоҳи шаҳри Душанбе ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки К.Эшонқулов пас аз як моҳи ҳодиса боздошт гардида буд. «Зимни тафтишот муайян карда шуд, ки инфиҷор бо супориши нерӯҳои зиддиконститутсионӣ бо мақсади ташаннуҷи авзоъ ба амал оварда шудааст», - изҳор дошт сарчашма.
Ёдрас мекунем, ки таркиш дар назди бинои Додгоҳи Олӣ санаи 16-уми июни соли 2007 рух дода буд. Додситони шаҳр Қурбоналӣ Муҳаббатов, ки зуд ба макони ҳодиса ҳозир гашта буд, он замон ба рӯзноманигорон изҳор дошта буд, ки «амали террористӣ бо мақсади тарсонидани шаҳрвандон ва шояд баъзе кормандони ҷудогонаи Додгоҳи Олӣ равона карда шудааст». Дар ҳамин ҳол, ӯ ҷанбаи сиёсӣ доштани инфиҷорро комилан рад кард.
Бар асари инфиҷор талафоти ҷонӣ набуд, танҳо ба бинои Додгоҳи Олӣ каме зарар расид.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста