Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Корандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди президенти ҶТ дар ҷараёни баргузории санҷиши ҳамаҷонибаи фаъолияти мудири анбори Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикгаз» дар шаҳри Душанбе Нарзулло Икромов далелҳои азхудкунии миқдори зиёди маблағҳои давлатиро ошкор сохтанд.

Аз агентӣ хабар доданд, ки Н.Икромов бо тартиб додани   панҷ санади ғайриқонунӣ 64 ҳазор сомонӣ маблағҳои давлатиро азхуд кардааст. «Зимни баргузоории тафтишот ӯ 17 ҳазор маблағи дуздидаро баргардонд», - арз кард манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, нисбат ба аъмоли Н.Икромов парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.