Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ахири ҳафтаи сипаришуда директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Рустам Назаров дар шаҳри Истамбул дар кори Конфронси XXVI-уми байнулмилалии зидди маводи мухаддир(IDEC) иштирок кард.
Аз агентии мазкур хабар доданд, ки Р.Назаров дар конфронс оид ба вазъи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ гузориш додааст.
«Дар ҷаласаи охирини конфронс Тоҷикистон ба ҳайси аъзои доимии конфронс қабул карда шуд, - гуфт манбаъ. - Узвият дар конфронс ҳеҷ хароҷотеро аз буҷаи ҷумҳурӣ тақозо намекунад».
Ба гуфтаи намояндаи агентӣ, конфронс ҳуқуқ дорад тавассути Агентии назорати маводи нашъаовари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар тафтиши парвандаҳои ҷиноии марбут ба роҳбарон ва аъзои гурӯҳҳои ҷинояткори байнидавлатӣ ва трансмиллӣ кӯмаки молиявӣ расонад.
Маълумотнома:
Ҷаласаи нахустини Конфронси байнулмилалии зидди маводи мухаддир соли 1983 дар Панама доир гаштааст. Конфронс бо мақсади табодули иттилоот дар бораи муомилоти байнулмилалии ғайриқонунии маводи мухаддир, тавсиаи амалиёти ҳамоҳангсозӣ ва пешгирии муомилоти ғайриқонунии он таъсис ёфтааст. Айни замон 91 кишвари ҷаҳон шомили он мебошанд.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста