Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ зимни санҷиши фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди (ҶДММ) «Газовик-1», ҳодисаҳои ба қонуншиканиҳои молиявӣ роҳ додани муассиси он Рустамхон Чориевро ошкор сохтанд.
Аз агентӣ хабар доданд, ки ҶДММ «Газовик-1» мувофиқи шартнома бо муассисаи сохтмонӣ ӯҳдадор шудааст, дар хонаи истиқоматии 9-ошёна дар кӯчаи Умеди шаҳри Душанбе таҷҳизоти газиро насб созад.
«Пудратчӣ саривақт ва бо сифати баланд корҳоро анҷом дод, вале зимни пешниҳоди ҳисобу китоби таҷҳизоти насбшуда арзиши онро нисбат ба нархҳои бозори кишвар бамаротиб зиёд нишон додааст», - изҳор дошт сарчашма ва афзуд, ки ҳамин тариқ ба давлат ба миқдори 69 ҳазору 171 сомонӣ хисорот ворид гардидааст.
Аз болои аъмоли муассиси ҶДММ «Газовик-1» тибқи моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ва камомад) ва 323-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста