Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ноҳияи Ваҳдат кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ миқдори зиёди маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира карданд.

Аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд, ки зимни баргузории амалиёти фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ сокини ноҳияи Мӯъминобод боздошт шудааст, ки ҳангоми азназаргузаронии бори ӯ 36 кило маводи афюн ва 114 грамм маводи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст. Нибат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 3 тоннаву 568 кило маводи мухаддирро мусодира крданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,3 фоиз зиёдтар аст.