Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - «Баррасии аризаи шикоятии таҷдиди назари ҳукми додгоҳ нисбат ба мудири кулли корхонаи муштараки тоҷикиву ҳолландии «М&Р» Маъруф Орифов, ки шабакаҳои мағозаҳои «Орима» ба он таллуқ доранд, бо айби ҳимоятгарони ӯ кашол меёбад», - изҳор дошт дар нишасти матбуотӣ раиси Додгоҳи Олии ҶТ Нусратулло Абдуллоев.

Ба гуфтаи ӯ, ҷониби ҳимоят барои ҳозир нашудан ба додгоҳ сабабҳои гуногун пеш меорад. Н.Абдуллоев ёдовар шуд, ки айбдоршаванда ба напардохтани андоз ба маблағи беш аз 1,5 млн. сомонӣ ва порадиҳӣ ба корманди воҳиди иқтисодии Кумитаи амнияти миллии ҶТ ба андозаи 10 ҳазор доллари амрикоӣ гунаҳкор дониста шудааст. «Ҳамчунин дар анборҳои корхона далелҳои рӯйпӯш сохтани маҳсулоти мӯҳлати истеъмолаш гузашта ва бесифат ошкор гардида буданд», - гуфт Н.Абдуллоев.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2008 Додгоҳи Олии ҶТ М.Орифовро ба мӯҳлати 8,5 сол бо гузаронидани мӯҳлати ҷазо дар маҳбаси низомаш шадид аз озодӣ маҳрум сохта мусодираи моли ӯро қарор карда буд.