Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз раиси Додгоҳи Олии ҶТ Нусратулло Абдуллоев дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар инфиҷори соли гузашта дар назди бинои Додгоҳи Олӣ рухдода хадамоти махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон даст доранд.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз як моҳи ҳодиса иҷрокунандаи бевоситаи инфиҷор, сокини 27-солаи шаҳри Душанбе Комилҷон Эшонқулов, ки дар ҷое кор намекард, боздошт гардида буд. «Зимни тафтишот муайян карда шуд, ки 14-уми июни соли 2007 К.Эшонқулов дар шаҳри Деҳнави Ӯзбекистон бо шиноси худ - намояндаи хадамоти махсуси кишвари ҳамсоя Саид вомехӯрад, - гуфт ӯ. - Саид ба ӯ супориши Хадамоти амнияти миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи ташкил намудани якчанд инфиҷорҳо дар қаламрави шаҳри Душанбе бо мақсади ташаннуҷи авзоъ дар пойтахти Тоҷикистон мерасонад». Аз оғоз то анҷоми амалиёт К.Эшонқуловро шаҳрванди Ӯзбекистон Ҷамшед Семирхоонов ҳамроҳӣ мекунад.

Н.Абдуллоев зикр кард, ки субҳи 16-уми июн ин ду нафар сарҳади Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур намуда, ба шаҳри Душанбе меоянд. «Дар назди панҷараи бинои Додгоҳи Олӣ К.Эшонқулов ноаён бастаи дорои маводи таркандаро мегузорад ва ҳарду дар таърихи 17-уми июн ба Ӯзбекистон бармегарданд», - идома дод ӯ ва таъкид сохт, ки хадамоти махсуси кишвари ҳамсоя ба ивази иҷрои амалиёти муваффақонаи инфиҷор ба К.Эшонқулов 5 ҳазор доллари амрикоӣ мукофотпулӣ ваъда кардаанд.

«Мувофиқи иттилои мӯътамад, зери ниқоби намояндаи хадамоти махсуси кишвари ҳамсоя бо номи Саид дар асл собиқ сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор ва собиқ фармондеҳи Ҷабҳаи халқӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Бобосубҳон Мирзоев пинҳон аст, ки тӯли якчанд сол дар ҷустуҷӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ қарор дорад, - гуфт Н.Абдуллоев. - Тибқи қарордодҳои мавҷуда миёни кишварҳо мо якчанд маротиба ба ҷониби Ӯзбекистон муроҷиат кардем, ки Б.Мирзоевро ба мо бозпас диҳанд, вале то ҳанӯз аз онҳо посухе нагирифтаем».

Дар таърихи 10-уми июли соли равон додгоҳи шаҳри Душанбе шаҳрванди Тоҷикистон Комилҷон Эшонқуловро ба ҷурми даст доштан дар инфиҷори назди бинои Додгоҳи Олӣ ба 22 соли зиндон маҳкум кард.

Ёдрас мекунем, ки таркиш дар назди бинои Додгоҳи Олӣ санаи 16-уми июни соли 2007 рух дода буд. Додситони шаҳр Қурбоналӣ Муҳаббатов, ки зуд ба макони ҳодиса ҳозир гашта буд, он замон ба рӯзноманигорон изҳор дошта буд, ки «амали террористӣ бо мақсади тарсонидани шаҳрвандон ва шояд баъзе кормандони ҷудогонаи Додгоҳи Олӣ равона карда шудааст». Дар ҳамин ҳол, ӯ ҷанбаи сиёсӣ доштани инфиҷорро комилан рад кард.

Бар асари инфиҷор талафоти ҷонӣ набуд, танҳо ба бинои Додгоҳи Олӣ каме осеб дид.