Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд зимни баргузории амалиёти фаврӣ оид ба тафтиши маълумоти гирифтани пора ба миқдори махсусан калон адвокати муассисаи машварати ҳуқуқии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд Насриддин Исомиддиновро ба ҳабс гирифтанд.

Сардори дафтари матбуоти агентии номбурда Шариф Шарифов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки адвокат аз волидайни ҷавони гумонбаршуда ба содир кардани ҷинояти авбошӣ 3 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда, ваъда додааст, ки ба озод кардани ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ мусоидат мекунад.

«Н.Исомиддинов ҳангоми гирифтани ришва боздошт ва маблағи зикргардида аз кисаи ӯ дарёфт шудааст.

Ба гуфтаи Ш.Шарифов, нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.