Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон зимни баргузории санҷиши фаъолияти корхонаи фаръии байниноҳиявии «Қӯрғонтеппагаз» дар масъалаи напардохтани андоз ба буҷаи давлат як қатор қонуншиканиҳоро ошкор намуданд.

Аз дафтари матбуоти агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки директори корхона Қутбиддин Хоҷаев ва сармуҳосиб Нуралӣ Сабзаев тавассути таҳияи санадҳои тақаллубии пардохти андоз миқдори зиёди маблағҳоро рӯйпӯш кардаанд.

«Дар натиҷаи ин аъмол ба буҷаи давлат беш аз 218 ҳазор сомонӣ маблағҳо ворид нагаштаанд», - зикр кард манбаъ. Доир ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.