Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон зимни баргузории санҷиши фаъолияти кооперативи истеҳсолии «Зоҳириён»-и ноҳияи Панҷ дар масъалаи напардохтани андоз ба буҷаи давлат як қатор қонуншиканиҳоро ошкор намуданд.

Сардори дафтари матбуоти агентии номбурда Шарифбек Шарифов хабар дод, ки директори кооперативи мазкур Ҷалол Зоҳидов тавассути таҳияи санадҳои тақаллубии пардохти андоз даромадҳои корхонаро рӯйпӯш сохтааст.

«Дар натиҷаи ин аъмол ба буҷаи давлат 348 876 сомонӣ (беш аз $100 ҳазор) маблағҳои пардохти андоз ворид нагаштанд», - зикр кард манбаъ. Доир ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.