Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Паём» - Прокуратураи вилояти Хатлон мегӯяд, дар соли равон 34 ҷинояти содиршуда дар қаламрави ҷануби Тоҷикистон кори дасти ноболиғон будааст. Мирзо Фатҳуллоев, сардори шӯъба дар прокуратураи Хатлон, бо тайиди ин хабар гуфт, ҳарчанд дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта мизони ҷинояткории ноболиғон дар вилоят то 20 маврид коҳиш ёфтааст, аммо дар навоҳии ҷудогона дар ин робита аз тадобири лозим кор гирифта нашудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки прокуратураи Хатлон бо ҳадафи коҳиши мизони ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон, қасд дорад чанд парвандаи дигареро дар робита ба волидони кӯдаконе, ки монеи рафтани фарзандон ба таълимгоҳҳо мешаванд, ба судҳо ирсол намояд.

Вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов низ бо ёдоварӣ аз муҷозоти падару модари чандин ноболиғ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ки ба фарзандон иҷозаи рафтан ба мактабро намедоданд, гуфтааст, бе шуғли дуруст ва назорат мондани ноболиғон аз сабабҳои аслии даст задани онҳо ба ҷиноят мебошад.