Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи шаҳри Душанбе зимни баргузории санҷиши фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди (ҶДММ) «Меридиана Трейдинг» дар масъалаи напардохтани андоз ба буҷаи давлат як қатор қонуншиканиҳоро ошкор намуданд.

Аз дафтари матбуоти агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷамъияти мазкур, ки ба он Абдулмӯмин Иброҳимов роҳбарӣ мекунад, тавассути таҳияи санадҳои тақаллубӣ дар давоми солҳои 2006-2008 ҳудуди 400 ҳазор сомонӣ маблағҳои пардохти андозро ба буҷаи давлатӣ рӯйпӯш сохтааст.

«Агентӣ ҷиҳати аз ҶДММ «Меридиана Трейдинг» ба фоидаи давлат рӯёнидани маблағи қарзи пардохти андоз ба суди иқтисодии Душанбе аризаи даъвогӣ пешниҳод кард», - афзуд манбаъ.