Хуҷанд. 23-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Соатҳои даҳи шоми гузашта дар микрорайони 18-уми шаҳри Хуҷанд миёни ҷавонони маҳаллӣ ва сохтмончиёни Чин, ки дар бунёди роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ» фаъолият доранд, задухӯрд ба вуқӯъ пайваст.

Манбаи мӯътамад аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар дод, ки сохтмончиёни Чин ба қаҳвахона омада, дар он ҷо бо ҷавонон ҷанҷол мебардоранд. Дар бораи осебдидагону саркардагони задухӯрд маълумоте нест. Танҳо маълум аст, ки аз ҳар ду ҷониб нафарони дар ин ҳодиса дастдошта боздошт шудаанд.

                Шоҳидони ҳодиса баён доштанд, ки задухӯрд дар қаҳвахонаи «Баҳор»-и назди мағозаи маъруфи «Оазис» руй додааст. Сохтмончиёни Чин бо аҳолии маҳаллӣ гапашон напухта, ҷанҷол мекунанд ва пас аз чанде гурӯҳи коргарони Чин омада, бо арматура шишаҳои мағозаҳо ва мошинҳоро ба шикастан оғоз менамоянд. Мағозаи «Оазис», қаҳвахона ва як мағозаи дигар осеб дидаанд.

                Баъди чанд муддате милисаҳо ва гурӯҳи фаврии зудамал он ҷо ҳозир шуда, нафаронеро, ки дар ин задухӯрд даст доштанд, боздошт мекунанд.

                Аз беморхонаи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд хабар доданд, ки шаби гузашта касе бо ҷароҳати ҷисмонӣ ба касалхона оварда нашудааст ва онҳо аз ин ҳодисаву осебдидагон маълумот надоранд.