Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар таърихи 25-уми июли соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба пешгирии нашъмандӣ доир гашт.
Аз агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар кори ҷаласа аъзои шӯро, котиботи он, кормандони вазорату муассисоти дахлдори ҷумҳурӣ, раисони чунин шӯроҳо дар вилоятҳо ва намояндагони Ташкилотҳои ғайриҳукумативу созмонҳои байнулмилалӣ, ки дар ин самт фаъолият доранд, иштирок карданд.
«Дар ҷаласа оид ба суръат бахшидану фаъол сохтани чорабиниҳои пешгирии нашъамандӣ миёни қишри осебпазири аҳолӣ қарор қабул карда шуд», - изҳор дошт манбаъ.
Ба гуфтаи корманди масъули агентӣ, Шӯрои ҳамоҳангсоз аз Вазорати маорифи кишвар дархост кардааст, ки ҳарчи зудтар дастури омӯзишии «Тарзи ҳаёти солим»-ро интишор намуда, онро дар тамоми муассисаҳои таълимӣ тақсим кунад.
Ёдрас мекунем, ки Шӯрои ҳамоҳангсози пешгирии нашъамандӣ моҳи апрели соли 2004 тибқи фармони президенти Тоҷикистон таъсис дода шуда, чунин шӯроҳо дар мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амал мекунанд.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста