Конибодом. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар қаламрави ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд бар асари садамаи нақлиётӣ як нафар фавтида, як нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошт.

Аз Раёсати бозрасии давлатии автомобилии шӯъбаи корҳои дохилии шаҳр ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки автомашинаи навъи «Мерседес-Бентс», ки ба сокини шахри Душанбе Рустам Анварзода таалуқ дошт, ба симчӯби барқӣ бархӯрда, дар натиҷа сокини ҷамоати Лоҳутии ноҳия ба ҳалокат мерасад ва мусофири дигарро бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба бмеорхона мебаранд. Ронанда ва мусофири дар курсии пеши мошин нишаста осеб надидаанд.

«Садама дар натиҷаи аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда дар километри 53-уми роҳи мошингарди Хуҷанд-Конибодом рух дода ва ҳафтаи гузашта дар ин роҳ ду садама ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он ду нафар ҳалок шуданд», - афзуд манбаъ.