Нафари гумонбар дар куштор ҳоло 56 сол дошта, боздошт шудааст ва ба ӯ барои куштани як зан охири соли 1995, ки он замон дар Тоҷикистон даргириҳои шаҳрвандӣ ҷараён дошт, ҷазои ҳабси абад таҳдид мекунад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия муайян кардаанд, ки сокини 56-солаи ҷамоати деҳоти ба номи А.Аюдулвосиеви шаҳри Ваҳдат солҳои ҷанги шаҳрвандӣ як зани бегуноҳро куштааст.
“Ҳангоми дар гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадасти Юнусов Нозим бо тахаллуси Эшони Нозим шомил буданаш, 12-уми октябри соли 1995, тахминан соати 19:30 -дақиқа, ба хонаи истиқоматии зани 59-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри мазкур даромада, бо истифода аз силоҳи оташфишони тамғаи автомати Калошников ӯро ба қатл расонидааст”, - қайд мешавад дар маълумоти ВКД.
Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 104 қисми 2 КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Дар сурати исбот шудани гуноҳи гумонбаршаванда, ба ӯ якумра маҳрум сохтан аз озодӣ бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар Кӯшониён аз беназоратии волидон духтарчаи 4-сола ғарқ шуд
“Бародараш дар Сурия аст, худ ба Тоҷикистон омаданӣ буд”. Падари як гумонбари ҳамла ба “Крокус” боз чӣ гуфт?
Ҳалокати 5 нафар дар роҳи Душанбе - Чаноқ. Кӯдак ба таври муъҷизанок зинда монд
“Қарзи инсонии худро иҷро кардем”. Чӣ гуна тоҷикон шаҳрвандони Русияро наҷот медиҳанд?
Падари Исломовҳо аз болои қарори ҳабсашон тибқи парвандаи “Крокус” шикоят бурд
Худкушии як донишҷӯ дар хобгоҳ. Ин ҳодисаи дуввуми марги донишҷӯ дар ДДХ давоми ду ҳафтаи охир аст
Кумитаи тафтишоти Русия аз боздошти боз як гумонбари ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар дод
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста