Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон барои рӯйпӯш кардан ва саркашӣ намудан аз пардохти андоз боз кардани парвандаи ҷиноятиро нисбати муассисон ва раҳбарияти ду ширкати хусусӣ дархост кард.

Муассис ва роҳбари ҶДММ “Коммуникация Сервис” Саидҷамол Ғаффоров ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шуд, хабар медиҳад Кумитаи андоз.

Гуфта мешавад, айни замон ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, ба саркашӣ аз пардохти андоз айбдор карда мешавад, ки ҳаҷми умумии он бо назардошти ҷарима ва фоизҳо 2 млн 158 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 190 ҳазор доллар) арзёбӣ мешавад.

ҶДММ “Коммуникация Сервис” намояндаи расмии ширкати технологии Fort Telecom-и Русия дар Тоҷикистон мебошад. Ин ширкат, аз ҷумла технологияи Machine-to-Machine (технология барои табодули маълумот байни мошинҳо)-ро таҳия ва истеҳсол кардааст.

Дар маълумоти сомонаи расмии Fort Telecom қайд мешавад, ки соли 2018 ширкат ба васлу насби низоми мониторинги Fort Monitor барои ба ҳадди пасттарин расонидани хароҷоти “корхонаи бузургтарини саноатӣ дар Тоҷикистон - ширкати “Фароз” машғул буд, ки фаъолияти он соҳаҳои гуногуни иқтисод, сар аз бозори хизматрасонӣ то истихроҷи нафтро дар бар мегирад.

Ба иттилои манбаъ, инчунин муассиси ширкати сохтмони “Иморатсоз” Ҳокимҷон Қурбонов ва роҳбари ин ширкат Тӯйчӣ Атобоев низ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, онҳо низ айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Дар рафти санҷиши ҳуҷҷатҳо оид ба фаъолияти “Иморатсоз” кормандони Кумитаи андоз муайян кардаанд, ки давоми солҳои 2018-2020 ширкат аз рӯйи натиҷаҳои тендерҳо аз буҷет маблағ гирифта, лекин андозҳои заруриро аз он пардохт накардааст.

Ширкат ба сохтмони иншооти гуногун бо фаромиши давлатӣ машғул шуда, аз ҷумла барои кормандони мақомоти прокуратура дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт манзил бунёд кардааст.

Маблағи рӯйпӯшшуда аз пардохти андози ширкати “Имоартсоз” бо назардошти ҷаримаву фоизҳо 4 млн 56 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 360 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.