Додситони вилояти Суғд алайҳи масъули фермаи хукпарварии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҷурми ифлос кардани оби дарёи Сир парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд дар нишасти хабарияш гуфт онҳо қаблан Н.Дӯстматов, роҳбари фермаии хукпарварии деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расуловро се маротиба ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида буданд. Аммо ба гуфтаи додситонӣ хукпарвар такроран ахлот ва пешоби зиёда аз 300 сар хуки дар ферма бонишавандаро ба дарёи Сир равона кардааст, ки барои саломаии одамон хатарзо аст.
“Ин ҳолат боиси гирифтории одамон ба бемориҳои сироятӣ ва устухонӣ шуда метавонад. Аз ин рӯ додситонӣ нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноӣ дар асоси моддаи 226 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ боз кард. Ин парванда ҷавобгарии ҷиноятиро барои ифлос ё олуда кардани обҳои рӯизаминию зерираминиро муқаррар намудааст ва тафтишот анҷом ёфтааст”/
Додситони Суғд мегӯяд, парванда ҳоло барои моҳиятан барраси шудан ба додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов ирсол шудааст ва дар марҳилаи баррасии додгоҳӣ қарор дорад.
Моддаи 226, қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ “Ифлос кардани об” унвон дорад, ки ҷавобгарӣ ба корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду чил то дусаду чил соат ё ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардан аз озодӣ ба мӯҳлати ду солро пешбинӣ кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Кумитаи тафтишоти Русия аз боздошти боз як гумонбари ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар дод
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Як ниҳоди назди Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, вазъи муҳоҷирон дар Русия “тағйир наёфтааст”
Дар Қирғизистон Райимбек Матраимов ва се бародарашро ҳабс карданд
“Ҳамаро бурданду аз хоҳараш дарак нест”. Пайвандони Фаридуни Шамсиддин дар куҷоянд?
Дар Тоҷикистон боз борон мебораду ҳаво сард мешавад
Сиёсатмадори қирғизе, ки санади қитъаи марзӣ бо Тоҷикистонро имзо карда буд, озод шуд
Дар ҳолати таҳдиду зӯроварӣ дар Русия тоҷикон ба куҷо метавонанд муроҷиат кунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста