Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон якчанд далели гардиши ғайриқонунии дорувориҳои психотропӣ, аз ҷумла нигаҳдорӣ ва фурӯши онро дар дорухонаҳои шаҳри Душанбе бидуни иҷозатнома ошкор намуданд.

Аз ҷумла ҳангоми фурӯши 2220 дона ҳаб (таблетка)-и психотропии “Алпразолам” кормандони Агентӣ шаҳрванд Саидшо Исмоиловро боздошт намуданд, ки дар дорухонаи воқеъ дар кучаи Гагарин-1 и ноҳияи И.Сомонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул будаааст.

“Дар дохили дорухона боз 400 адад ҳаби психотропии “Алпразолам”-ро бо мақсади фурӯш ғайриқонунӣ нигоҳ доштааст”, - хабар медиҳад маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ.

Далели ба ин монанд дар дорухонаи “Амир-фарм” воқеъ дар кӯчаи Н.Қаробоев №92/1 ошкор гардида, аз шаҳрванд Илҳом Ҷумаев ду адад қутии рангаш сафед бо навиштаҷоти “Алпразолам”, ки дар дохили он 224 адад ҳабҳо ҷойгир буданд, дарёфт шудааст.

Дар рафти тафтишот маълум шудааст, ки шаҳрванд Илҳом Ҷумаев бе доштани иҷозатномаи махсус фурӯши дорувориҳои психотропиро ба роҳ мондааст.

Ғайр аз ин, зимни баргузории амалиёти “Харидории санҷишӣ” кормандони Агентӣ аз шаҳрванд Ёқубҷон Раҷабов 290 адад дорувории психотропии “Алпразолам”-ро бо маблағи 780 сомонӣ харидорӣ намуданд. Ӯ ҳам боздошт шудааст.

Нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи 206, иловаи 1, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Вайрон намудани қоидаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба ҳар кадоме аз онҳо ба муҳлати то ду сол маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.