Вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш гуфт, ки Иззат Амон аз Русия ба Душанбе истирдод нашудааст. Ба гуфтаи вазир роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро баъди ихроҷ шуданаш аз ин кишвар боздошт кардаанд.
Ӯ гуфт, ки Иззат Аммон баъди ба Душанбе расидан ҳамчун гумонбар барои қаллобӣ дастгир карда шуд.
- Иззат Амон аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар ин кишвар ба Тоҷикистон ихроҷ ё депортатсия шуд, на истирдод. Зиёда аз 15 нафар ҷабрдида шикоят карданд, ки ба доми фиреби ӯ афтодаанд. Ба наздикӣ парвандаи ҷиноятӣ ба баррасии Додгоҳи олии кишвар пешниҳод карда мешавад ва аз рафти баррасии парванда ҷиноятӣ хабарнигорон огоҳ мешаванд-гуфт Рамазон Раҳимзода.
Мавсуф дар шарҳи парвандаи Иззат Амон гуфт, ки тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ қариб ба итмом расида истодааст ва парванда ҳоло ҳам дар тафтишот аст.
Чанде пеш, наздикон ва вакили дифоъи Иззат Амон хабар дода буданд, ки Иззат Амон боз ду моҳи дигар дар боздоштгоҳ мемонад.
Тасмими ду моҳи дигар дароз кардани муҳлати тафтиши парванда ба “масъалаи рӯ ба рӯ кардани даъвогарон бо Иззат Амон” рабт доштааст ва муҳлатро бо дархости муфаттиши парванда Сипеҳр Сафаров, тамдид карданд".
Бо вуҷуди ин, вакили дифои Иззат Амон умедвор аст, ки бо эълони афв ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ парвандаи Иззат Амон шомили афв мешавад. Ба гуфтаи ӯ, Иззат шонси сад дарсадии афв шуданро дорад.
Аз ин пештар, аз Додситони кулли кишвар гуфта буданд, ки интизор меравад, тафтиши парвандаи Иззат Амон ҳамин моҳ ба поён бирасад ва ба додгоҳ ирсол шавад.
Қазияи Иззат Амон яке аз қазияҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон аст. Баъди дар Русия бедарак ва дар Тоҷикистон боздошт шудани ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия даст ба эътирози оммавӣ заданд.
Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва наздиконаш ба расонаҳо гуфтанд, ки дигар ӯро пайдо карда наметавонанд. Баъдан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки Русия ҳаққи шаҳрвандии Иззат Амонро бекор ва ӯро ихроҷ кардаасту ӯ ба Душанбе баргаштааст.
ВКД гуфт Иззат Амонро дар Душанбе боздошт кардааст ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст. Ин модда ҷарима ва ё то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ба иттилои мақомот, чанд нафар даъво кардаанд, ки гуё Иззат Амон онҳоро дар Русия фиреб додааст. Шариф Қурбонзода, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилии Додситонии кулли Тоҷикистон, дар нишастии хабарии ин ниҳод гуфт, ки то кунун алайҳи Иззат Амон 12 шаҳрванд муроҷиат кардааст, ки гумонбар давоми солҳои 2014-2020 аз он онҳо маблағҳои гуногунро барои анҷом додани корҳои муайян гирифта, фиреб додааст.
"Ҳаҷми умумии зарари расида ба 12 нафар 630 ҳазор рубли русӣ ва 1000 доллари амрикоиро дар бар мегирад", - гуфт ин масъули Додситонии кулл.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста