Русия яке аз писарони Саидқиёмиддини Ғозиро, рӯҳонии шинохта дар давраи ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки ду сол пеш дар ошӯби зиндони Ваҳдат кушта шуд, бо дархости Тоҷикистон боздошт ва барои 40 шабонарӯз ба ҳабс гирифтааст.

Тавре Радиои “Озодӣ” менависад, додгоҳи ноҳияи Совети шаҳри Қазон қарори ҳабси Баракатуллоҳ Ғозиеви 35-соларо аз 15-уми августи соли равон содир карда, гуфтааст, ки ӯ, “дар кишвар бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – "барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ" (қисми яки моддаи 189) ва "хиёнат ба давлат" (қисми яки моддаи 305) – гумонбар дониста мешавад”. Бино ба моддаи аввал ба ӯ аз ду то панҷ сол ва бар асоси моддаи дувум аз дувоздаҳ то бист сол зиндон таҳдид мекунад.

Гуфта мешавад, ки Баракатуллоҳ Ғозиев як сол боз таҳти ҷустуҷӯи байнулмилалӣ будааст.

- Додрас Эрик Ҳабибулин бо такя ба хулосаи Кумитаи дини Тоҷикистон гуфтааст, Баракатуллоҳ Ғозиев, ки "соли 2015 аз Эрон ба Душанбе баргашт ва сипас барои кор ба Русия рафт", ба барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ дар "Инстаграм" муттаҳам аст. Ӯ дар ин шабакаи иҷтимоӣ бо номи "Баракат Ғозӣ" гуё "ақидаҳои мазҳаби шиаро ташвиқ мекард", - менависад манбаъ.

Дар ҳоле., ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи боздошт ва ҳабси Баракатуллоҳ расман чизе нагуфтаанд, вале яке аз наздикони Баракатуллоҳ Ғозиев гуфтаанд, “чунин иддао дуруст нест, вале ӯ як моҳ пеш бо дархости ҷониби Тоҷикистон дастгир шуда, то 22-юми сентябр дар боздоштгоҳи Қазон хоҳад монд. Дар ин муддат, ба гуфтаи онҳо, эҳтимоли истирдодаш аз Русия ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад”.

Онҳо ҳамчунин, аз эҳтимоли истирдоди ӯ ба Душанбе ва шиканҷа шуданаш нигаронанд.

"Вай бо вакили мудофеъ таъмин аст, вале нигаронем, ки ба Душанбе истирдод нашавад", - гуфтааст яке аз наздикони ӯ.

Дар ду соли охир ду бародари Баракатуллоҳ Ғозиев бо гуноҳи тундгароӣ ва хиёнат ба давлат гунаҳкор дониста шуда, яке ба 11 ва дигаре ба 13 сол дар Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шуданд.

Худи Саидқиёмиддини Ғозӣ соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дастгир ва ба Тоҷикистон оварда, ба 25 сол зиндон маҳкум гардид. Дар ошӯби тобистони соли 2019 дар зиндони шаҳри Ваҳдат кушта шуд.

Қиёмиддин Ғозиев ё Эшони Саид Қиёмиддини Ғозӣ аз руҳониёни шинохтаи солҳои 90-ум ва яке аз иштирокдорони фаъоли майдони “Шаҳидон” дар Душанбе буд. Дар қатори чанд иштирокдори майдони “Шаҳидон” ба ӯ унвони “генерали мардумӣ”-ро дода буданд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба Афғонистон гуреза шуда, дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик фаъолият кард. Бо имзои Созишномаи сулҳ Қиёмиддин Ғозиев ба ватан баргашта, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ буд. То қатъи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар ин вазифа кор кард ва барои хидматаш дар татбиқи созишномаи сулҳ аз сӯйи Ҳукумати Тоҷикистон бо ордени “Шараф” қадрдонӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.