Кормандони пулис Руслан Бобиев, зодаи Тоҷикистонро пас аз нашри як суратгузориш дар пасманзари калисои Василий Блаженний дар Маскав боздошт намуданд.

Дар сурат Руслан Бобиев дар пасманзари калисои Василий Блаженний аксбардорӣ шуда, духтаре бо либос (куртка)-и дорои навиштаҷоти «пулис» назди блогнавис истодааст, хабар медиҳад НТВ.

Ин ҷуфт алоқаи ҷинсии даҳониро тақлид мекунанд. Бобиев ба акс чунин имзо гузоштааст: "Кодекси меҳнат Кодекси ҷиноятӣ нест ва онро риоя накардан ҳам мумкин аст".

Ин мавод (контент) рӯзи 29 сентябр нашр шуда, Руслан Бобиев 30 сентябр боздошт шуд.

Маълум аст, ки Бобиев аз Тоҷикистон ба Сочи ва сипас аз он ҷо ба Маскав омада, ба Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дохил шудааст.

Ӯ дар Instagram ва TikTok саҳифаҳои худро дорад.

Бобиев дар Instagram зиёда аз 100 ҳазор обуначӣ дорад. Саҳифаҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳоло ё пинҳон ё хориҷ шудаанд, аммо скриншотҳои (нусхабардорӣ)-и нашри мавод дар Интернет паҳн шудааст.

Як зан, ки ҳамроҳи блогнавис аксбардорӣ иштирок кардааст, низ боздошт шудааст.

Кормандони пулис блогнависро шабона боздошт намуда, айни замон ҳоло маълум нест, ки нисбати Бобиев парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ё не.

Тавре “Подъем” менависад, барои майдаавбошӣ ба онҳо ҷазои 15 шабонарӯзи ҳабс таҳдид дошта, сипас имкон дорад, ки Бобиев аз Русия ихроҷ карда шавад.

Бархе аз ВАО хабар медиҳанд, ки дар ҳоли ҳозир масъалаи боз кардани парвандаи ҷинятӣ мутобиқи моддаи 148 КҶ ФР "Таҳқири эҳсосоти диндорон” баррасӣ мешавад.

Ба иттилои РИА Новости хабар медиҳад, баъди боздошт Бобиев барои истифодаи сарулибоси кормандони пулис ва дар пасманзари калисо аксбардорӣ шудани сурат узр пурсидааст.

“Самимона маъзарат мехоҳам, дигар ҳеҷ гоҳ чунин рафтор намекунам”, - гуфтааст блогнавис ва ин гуфтаҳоро чандин маротиба такроран ба забон меорад.

Навори видеои блогнависро дафтари матбуоти Саараёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав нашр крадааст.

Ӯ зикр кардааст, ки қаблан “барои пранкҳо (шӯхиҳо)” ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.