Суди вилояти Хатлон ба баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Рустам Болтахонов, ки ба таҷовуз ба номус ва қатли духтари 9-сола дар ноҳияи Хуросон гумонбар дониста мешавад, оғоз намуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” муовини раиси суди вилояти Хатлон, ҳамзамон раисикунанда дар мурофиаи ин парвандаи ҷиноятӣ хабар дод, оид ба ин парванда қаблан якчанд мурофиаҳои судӣ гузаронида шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, Рустам Болтахонов дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи се моддаи Кодекси ҷиноятӣ гумонбар дониста мешавад: 104 (Одамкушӣ), 138 (Таҷовуз ба номус) ва 139 (Ҳаракати зӯроварии дорои  хусусияти шаҳвонӣ).

“Азбаски мурофиаи додгоҳӣ пушти дарҳои пӯшида ҷараён дорад, ба матбуот алҳол чизи дигаре гуфта наметавонем. Вақте ки ҳукм содир шуд, сипас аз тафсилоти парванда маълумот хоҳем дод”, - илова кард Шамсулло Яҳёзода.

Ёдрас мекунем, ки  нимаи рӯзи 16-уми август, вақте М.Б., духтари 9-сола аз роҳ мегузаштааст, Рустам Болтахонов, сокини деҳаи Меҳнати ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон ӯро бо роҳи фиреб ба хонааш дароварда, ба номусаш таҷовуз мекунад.

Баъдан вақте духтарча мегӯяд, ки аз ин ҳодиса ба модараш хабар медиҳад, ӯро бо роҳи буғӣ кардан мекушад.

Баъди содир кардани ҷиноят, Болтахонов ҷасади М.Б -ро то вақти торик шудан пинҳон карда, баъдан ба ҷуйбори наздики хонаашон бурда мепартояд.

Наздикони марҳум, баъди чанд дақиқаи бедарак шудани кӯдак ба ҷустуҷӯ шуруъ мекунанд, вале бе натиҷа. Баъдан оиди бедарак шудани кӯдак ба милитсия хабар медиҳанд. Шабона ба гуруҳи ҷустуҷуӣ муясар мешавад, ки ҷасади ноболиғро аз ҷуйбор пайдо кунанд.

Вақте мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ҷасад аломатҳои марги маҷбурӣ ва таҷовузро мушоҳида мекунанд ба ҷустуҷӯйи қотил шуруъ мекунанд.

Ҳангоми ҷустуҷӯ, аз наздикии хонаи Рустам Болтахонов як гӯшвораи ноболиғ ва баъзе чизҳои дигараш пайдо мешавад. Гуруҳи тафтишотиву ҷустҷӯйӣ Рустам Болтахоновро ҳамчун гумонбар пурсиш мекунанд, ки дар аввалин пурсиш ба содир кардани ин ҷиноят иқрор мешавад.

Ба гуфтаи як манбаи “Азия-Плюс” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, гумонбаршуда шояд ин ҷиноятро пешакӣ тарҳрезӣ карда будааст, чунки баъдан маълум мешавад, ки ӯ пеш аз ин ҳодиса ҳам ба духтар мева ва шириниҳо медодааст.

Ҳамон рӯзи 16 август ҳамсараш дар хона набуда, бо кӯдакон ба хонаи волидони худ меҳмонӣ рафтааст. Рустам Болтахонов аз ин истифода бурда, ба ҷинояти нангин даст задааст. Рустам Болтахонов падари се фарзанд буда, қаблан барои куштор Русия ба муҳлати 7 сол зиндонӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.