Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод, ки дар даст доштан ба интиқол ва фурӯши маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора ВКД Қирғизистон, дирӯз, 26 октябр хабар додааст.

Ба иттилои ВКД Қирғизистон, санҷиш нишон додааст, ки маводи мухаддир навъи "ҳашиши афғонӣ" буда, вазнаш 9 килою 521кг-ро ташкил медиҳад.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон дар роҳи рустои Ҷаштики вилояти Ботканди  ҳаммарз бо вилояти Суғд дастгир шудааст

Феълан шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳи муваққатии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд нигоҳ дошта шуда, бар зидди ӯ бо моддаи 267 Кодекси ҷиноятии Қирғизистон (қочоқи маводи мухаддир) парванда боз шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора хабар надодаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.