Оҷонии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Деваштич Суҳбатулло Санатуллозода хабар дод, ки номбурда ба тасарруф кардани молу мулки ғайр ба маблағи беш аз 100 ҳазор сомонӣ гумонбар мешавад. Дар ин бора маркази матбуоти оҷонсӣ имрӯз, 1 ноябр хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Суҳбатулло Санатуллозода, бо истифода аз мақоми хизматӣ ва бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр ба шаҳрванд «А» дар масоҳати 2627 м² ҷудо карда додани қитъаи замин бо мақсади сохтмони майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ маблағи 102702 сомониро гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Суҳбатулло Санатуллозода бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди тафтиш ба суд ирсол мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.