Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Комиссияи таҳқиқоти далелҳои куштори Гулбиддин Зиёбеков дар шаҳри Хоруғ кори худро муваққатан қатъ кардаанд. Онҳо далели ин кори худро дахолати аз ҳад зиёди додситонии вилоят, аз ҷумла додситони вилоят Парвиз Орифзода ба кори комиссия унвон мекунанд.

Ин комиссияи таҳқиқотӣ бар пайи ҳодисаи рӯзи 25-уми ноябр, ки дар натиҷаи як амалиёти сохторҳои қудратӣ Гулбиддин Зиёбеков, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа кушта ва бархе сокинони ВМКБ бо норизоятӣ аз ин амалиёт даст ба эътирози чоррӯза заданд, ташкил шуда буд.

Хабари мувақаттан қатъ кардани кори худро дар комиссия яке аз намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин комиссияи таҳқиқоти Хурсанд Мамадшоев ба “Азия-Плюс” таъйид кард.

Мамадшоев гуфт, баъди дахолатҳои зиёди додситонии вилоят  мо тасмим гирифтем ҳузури худро дар кори комиссия муваққатан қатъ кунем ва аз ин тасмими худ намояндаҳои сохторҳои давлатӣ дар комиссияро хабардор кардем.

“Мо ба кори намояндаи Додситонии кулл дар комиссия эроде надорем, вале додситони вилоят ба ҳама кор дахолат мекунад ва эҳсос мешавад, ки мехоҳад кори комиссия ба тарафи тамоман дигар кашонда шавад. Ба кори комиссия халал мерасонад, ҷанҷол меандозад ва ошкоро дахолат мекунад. Ҳамаи ин моро маҷбур кард муваққатан кори худро қатъ кунем”,-мегӯяд Мамадшоев.

Ҳоло шаш тан аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба комиссияи тафтишотӣ шомил шудаанд.

Ба назари Хурсанд Мамдшоев то муваққатан қатъ кардани ҳузури онҳо, аз сӯйи комиссия тафтишоти муайяне гузаронида шудааст, “мо асосан шарт  гузошта будем, ки дар қадами аввал ба таҳқиқи ҳодисаи Тавдем (куштори Гулбиддин Зиёбеков) мутамарказ шавем. Онҳо таҳқиқро ба тарафи дигар тоб доданӣ ҳастанд”.

Ин намояндаи ҷомеи шаҳрвандӣ мегӯяд, ки то кунун ҳеч ваъдаеро, ки мақомот бар пайи эътирозҳои рӯзҳои 25-28-уми ноябр дода буданд, аз ҷумла додани интернет, иҷро накарданд ва ба назар мерасад, ки фиреб аст.

Ҳамчунин имрӯз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ бо пахши як изҳороти видеоӣ аз иҷро нашудани талаботашон дар мавриди ҳаводиси рӯзҳои 25-28-уми ноябри 2021 изҳори нигаронӣ намуданд.

Мақомоти қудратии ВМКБ Гулбиддин Зиёбековро дар латукӯби ёвари пешини додситони ноҳияи Роштқалъа – Абдусамад Абирзода дар моҳи феврали соли 2020 муттаҳам мекарданд ва гуфта буданд, ки ӯ ба даъватҳои мақомот тан надода барои бозпурсӣ ҳозир нашудааст. 25-уми ноябр мақомоти қудратӣ дар як амалиёт барои боздошти Зиёбеков дар Роштқалъа ӯро паронданд, ки баъдан дар роҳ ба беморхона даргузашт. Мақомот гуфтанд, ки Зиёбеков мехост фирор кунад, аммо сокинони мақомотро ба амалиёти ғайрикасбӣ муттаҳам кардан ва ба майдон рехтанд.

Додситонӣ чизи дигар мегӯяд

Дар мавриди муваққатан қатъ кардани ҳузури худ дар комиссия аз сӯйи намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва умуман ҷараёни тафтиши ҳаводиси ахири Хоруғ дарёфти иттилоъ аз мақомоти қудратӣ кори сахт аст.

Талошҳои "Азия-Плюс" барои ба даст овардани иттилоъ дар ин замина, дар тамоосҳои мукаррар ба ҳукумати ВМКБ, додситонии вилоят ва сохторҳои дигари қудратӣ бидуни натиҷа аноҷмид.

Додситони ВМКБ Парвиз Орифзода
Намогирифт аз ТВ "Бадахшон"

Муваққатан қатъ кардани ҳузури худ аз сӯйи намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар комиссия дар ҳолест, ки Маркази матбуоти Додситонии кишвар дар ВМКБ дирӯз аз баргузор шудани мулоқоти вазири корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва додситони ВМКБ бо намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Хоруғ хабар дод.

Дар ин изҳорот, ки онро хабаргузории расмии “Ховар” нашр кардааст, гуфта мешавад, ки додситони ВМКБ Парвиз Орифзода бо супориши додситони кулл дар ин мулоқот ширкат кардааст. Ин мулоқот рӯзи 13-уми декабр сурат гирифтааст.

Бино бар ин изҳорот дар ин мулоқот вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси Кумиати амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ба намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сокинони шаҳри Хоруғ барои кӯмакашон дар мавриди ба эътидол овардани  вазъият изҳори сипос кардаанд.

Дар ин изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ Манучеҳр Холиқназаров ва Музаффар Муборакшоён суханронӣ кардаву қаноатмандии худро  аз ҷараёни корҳои тафтишотӣ баён намуданд.

Дар ин изҳорт ҳамчунин таъкид мешавад, ки “иштирокчиёни вохӯрӣ ба мувофиқа расиданд, ки раванди ҳаракатҳои тафтишотӣ тибқи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ идома дода мешавад”.

Мақомоти қудрати шоми 9-уми декабр тавассути ТВ "Бадахшон" филми мустанадеро бо номи "Неруи қонун" дар мавриди ҳаводиси ахири Хоруғ намоиш доданд. Дар ин филм дар баробари шоҳидони дигар баёноти 14-дақиқаии раиси собиқи ВМКБ Ёдгор Файзов дар мавриди ҳодисаи моҳи феврали соли 2020 дар Роштқалъ низ нишон дода мешавад. 

Дар ин филм “намояндагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ” ба он айбдор мешаванд, ки аз номи мардуми вилоят ҳарф зада, ҳадафҳои худро амалӣ мекунанд.  Ҳамчунин изҳори таасуф мешавад, ки аҳли зиё, устодон, кормандони масъули сохторҳои давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар тарбияи насли наврасу ҷавон заъифанд ва ҷавонон ноогоҳро дар ихтиёри гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ мегузоранд. Дар ин барнома, масъалаи мубориза алайҳи амалҳои ғайриқонунии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, мубориза барои наҷоти фарҳангу ҳувият ва аслоти миллӣ таллақӣ мешавад.

Нигарониҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ чист?

Аммо ҳамагӣ, як рӯз пас нашри ин изҳорот намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз муваққатан қатъ кардани ҳузури худ дар кори комиссия хабар медиҳанд.

Масъалаи норизоятии ҷомеаи шаҳрвандӣ аз кори комиссияи тафтишотӣ дар чанд рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамагонӣ мешуд. Аз ҷумла дар ин маврид, дар як ҳафтаи ахир пойгоҳи интернетии «Pamir Daily News» чандин матлаб аз норизоятиву ба бунбаст расидани кори комиссия хабар дода буд.


Аммо имрӯз, бархе намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии шомил дар комиссияи таҳқиқӣ ба радиои “Озодӣ” ҳам гуфта буданд, ки мақомоти вилоят ба кори комиссия дахолати ноҷо мекунанд. Бархеи онҳо гуфтаанд, ки мақомот аз онҳо барои суҳбат накардан бо расонаҳо аз ҷараёни таҳқиқот имзо гирифтаанд, вале худи мақомоти интизомӣ аз тариқи шабакаҳои телевизони ҳукуматӣ дар ин бора гузориш пахш мекунад.

Хуҷамрӣ Пирмамадов, масъули Дафтари матбуоти ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯзи 15-уми декабр “Озодӣ” гуфтааст, ки мақомот кормандони мактабҳо, беморхонаҳо ва идораҳои дигаре, ки аз буҷаи давлат маош мегиранд, маҷбур мекунад, то тариқи телевизиони давлатӣ руйдодҳоро як тарафа маҳкум кунанд.

Ин намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтааст, ки “то кунун ҳудуди 15 нафар ба фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ шикоят карданд, ки онҳоро маҷбур мекунанд, ки агар ҳарф назанӣ, аз ҷои кору маош маҳрум мешавӣ. Вақте онҳо иҷборан, якҷониба суҳбат мекунанд, ба ҷараёни тафтишоте, ки идома дорад, ҳатман халал ворид мекунанд”,- гуфтааст ӯ.

Пойгоҳи «Pamir Daily News», рӯзи 14-уми декабр, ҳатто хабар дода буд, ки гӯё пас аз як таҳдиди раиси Кумитаи амнияти миллӣ дар мулоқоти рӯзи 13-уми ноябр, ки агар эътирозгарони Хоруғ ором нашаванд, мақомот омодаи гузаронидани амалиёти вижа ҳастанд, намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ расман аз ҳамкорӣ бо ВКД-у КДАМ даст кашидаанд. Ба навиштаи ин пойгоҳ, гӯё намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтаанд, ки минбаъд танҳо бо додситонӣ ҳамкорӣ мекунанду халос.

Муроҷиати ахири ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ: аз нигарониҳо то муттаҳам кардани мақомот ба беаҳдӣ

Дар муроҷиатномаи имрӯз, 16 декабр, ки дар шабкаҳои иҷтимоӣ навори он паҳн гардид, матни муроҷатномаро ҳуқуқшиноси ҷавон Фаромӯз Иргашев дар ҳалқаи чанд сокини вилоят мехонад.

Ӯ аз ҷумла, мегӯяд, ки гирдиҳамоии 25-28 ноябрро касе ташкил накарадааст ва он  худҷӯш (“стихявӣ”) ва дар заминаи ҳаяҷон сурат гирифт.

Намогирифт аз муроҷиати видеоии рӯзи 16-уми декабри намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ

Иргашев мегӯяд, аз тири мақомоти қудратӣ дар тазоҳуроти ахири Хоруғ 17 нафар захмӣ гаштанд, ки дар натиҷа ду нафари онҳо ба ҳалокат расиданд.

Дар ин муроҷиатнома аз он изҳори нигаронӣ мешавад, ки дар филми “Нерӯи қонун”, фақат дар мавриди ҷавобгарӣ барои латукӯби кормандони мақомоти қудратӣ гуфта шудаву дар барои ҷавобагарӣ барои ду нафар кушташуда ва 15 нафар захмишудаи ҷараёни эътирозҳо сухане нест.

Дар муроҷиат суол гузошта мешавад, ки оё “қонун фақат барои мардуми бечора асту барои кормандони мақомоти қудратӣ нест?”

Дар идомаи ин муроҷиатнома аз тавофуқҳои ҳосилшуда ёдор шуда, мегӯяд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ шартҳои гузоштаи мақомотро иҷро карданду вале ҳукумат то кунун ҳеч шарти гузоштаи намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандиро иҷро накардааст.

Дар ин муроҷиатнома аз барномаву филмҳое, ки дар расонаҳо аз сӯйи мақомот нашр мешаванд, нигаронӣ шуда, таъкид шудааст, ки гумонбарҳои қазияҳои ахир аз сӯйи мақомот пешакӣ ҷинояткор эълон мешаванд.

Дар ин муроҷиатнома иддао мешавад, ки “сокинони ВМКБ ҳомӣ ва саркардаи гурӯҳи ҷиноятӣ надоранд ва онҳоро эътироф ҳам намекунанд”.

Дар ҳамин ҳол, ба далели дастрас набудани мақомот ба расонаҳо, маълум нест, ки сарнавишти комиссияи таҳқиқӣ ба куҷо мекашад. Оё таҳқиқи ҳодисаҳо минбаъд бе ҳузури намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ идома мекунад ё талошҳо барои ҷалби онҳо ба кори комиссия аз сар гирифта мешавад. Суолест, ки посухи он танҳо мунтазир шудан асту бас.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.