Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавононе хабар медиҳад, ки ба лату кӯб ва носазогӯйӣ нисбат ба ду духтари 15-16-сола муттаҳам мешаванд. Ҳамчунин пулиси Душанбе аз боз шудани парвандаи ҷинойӣ алайҳи онҳо бар асоси қисми 2 моддаи 237 хабар медиҳад.

Дирӯз, баъди нашри амалкарди ин ду ҷавон дар баробари ду духтари наврас дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯйи модари яке аз духтарон, вокунишҳои шадиде ба ин амали онҳо баён шуд.

РВКД аз боздоштшудагон Кароматулло Қурбонов бо тахаллуси «Каром»-и 20-сола ва Маъруф Носирови 27-сола ном бурдааст, ки ҳар ду сокини Душанбе мебошанд.

Ин ниҳод мегӯяд, ки ин ду ҷавонро 20 декабр дар хонаҳояшон боздошт кардааст.

Ба иттилои манбаъ, дар пайи санҷиши пешакии ҳодиса муайян шудаст, ки "19 декабр дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, рӯ ба рӯи меҳмонхонаи Гранд-Отел 2 нафар ноболиғдухтаронро, ҷавонписарони дастгиршуда бо сабаби ранг кардани мӯи сар ва надоштани сатру руймол мавриди дашном қарор додаанд. Ва баъди ба навор гирифтани кирдорҳои зиддиҳуқуқии ҷавонписарон, онҳо телефони яке аз духтаронро мешикананд".

Баъди ин, бино ба иттилои дафтари матбуоти РВКД "бо истифодаи зуроварӣ ноболиғдухтаронро мавриди латукӯб ва озори ҷисмонӣ қарор додаанд».

Ҳоло ин ду боздоштшуда дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Бар асоси модда (авбошӣ )-и қонуни ҷиное, ки ин ду ҷавон муттаҳам мешаванд, ба онҳо ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазор то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 64 ҳазор то 120 ҳазор сомонӣ) ва ё ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ то панҷ сол таъин шуда метавонад.

Ёдрас мешавем, ки модари яке аз ин ду духтари ноболиғ - Шаҳноз Комилзода дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дода буд, ки духтараш Мумтоз ва дугонааш мавриди лату кӯб қарор гирифтаанд

Комилзода навиштааст, имрӯз соати 3-и рӯз дар маркази шаҳри Душанбе 3 нафар ба 2 духтари 15-сола, ки якеаш духтари ман буд дастдарозӣ, дашном ва лату кӯб мекунанд.

“Ба аъзои бадани духтарам даст мерасонад, духтарам кушиш мекунад дастони ин ҳайвонро аз баданаш дур кунад, баъд телефонашро аз дасташ зада мегирад ва дашномаш мекунад”, - навиштааст ӯ.

Гуфта мешавад, вақте ки духтарон барои гирифтани сумкаю телефонҳояшон талош мекунанд, дугонаи духтарро ба замин афтонда, бо шата ба сару рӯю шикамаш мезананд ва телефонро ба замин партофта мешикананд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.