Додситони кулли Тоҷикистон, имрӯз, 23 декабр дар сомонаи расмиаш ҷузъиёти таҷовуз ва қатли як духтари 9-сола аз ҷониби марди 45 соларо шарҳ додааст. Гунаҳкори ин ҷиноят Рустам Болтахонов мебошад, ки моҳи ноябри соли равон ба ҳукми абад маҳкум шуда буд.
Додситонӣ менависад, ки ҳодиса рӯзи 16 август рух дода, Болтахонов дар ҳолати мастӣ ноболиғро бо роҳи фиреб ва додани 10 сомонӣ ва ширинӣ ба хонааш даъват карда, нисбаташ ҳаракатҳои бадахлоқона намудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ба ин қонеъ накарда, ҷинояткор ноболиғро таҷовуз кардааст, ки дар натиҷа ӯ аз ҳуш меравад. Духтар баъди ба ҳуш омадан гиря карда, мегӯяд, ки ҳодисаро ба модараш нақл мекунад.
- Болтахонов Р. И. бо мақсади фош нашудани ҷинояти содиркардааш ва руйпӯш намудани он, аз ҳолати оҷизонаи хурдсол Бобокалонова М.М. истифода бурда, дар ҳуҷраи истиқоматиаш, бо дастонаш гулӯи хурдсол Бобокалонова М.М-ро буғӣ намуда, бо роҳи фишороварии роҳҳои нафасгирӣ охиринро ба марг расонида, ҷасади хурдсол Бобокалонова М.М-ро дар ҳавлии хонааш дар байни алафҳои худрӯй то шаб нигоҳ доштааст,- мегӯяд Додситонӣ.
Баъди ин тахминан соатҳои 21:22 ҷасади хурдсолро ба дохили ҷуйбори сементии (латок) назди дарвозааш мепартяод, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ баъдан духтарро аз онҷо пайдо карданд.
Ин ниҳод мегӯяд, ки як рӯз пас аз ҳодиса, 17 август додситони вилояти Хатлон нисбати Рустам Болтахонов бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ, “одамкӯшӣ”, “таҷовуз ба номус”, “ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ”парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, додгоҳи Хатлон онро баррасӣ кард.
- Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 23 ноябри соли 2021 Болтахонов Рустам Исматуллоевич, ҷазои ниҳои дар намуди якумра маҳрум сохтан аз озодӣ, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш махсус таъин карда шудааст,- менависад додситонӣ.
Назари волидони духтари ноболиғ ва пайвандони маҳкумшуда то ҳол маълум нест.
Моҳи ноябри соли равон додгоҳи вилояти Хатлон Рустам Болтахоновро ба ҳабси абад маҳкум карда буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста